Кӯчаи Соҳилӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кӯчаи Соҳилӣкӯча дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар ноҳияи Фирдавсӣ қад-қади рӯдхонаи Душанбе (аз ғарб) ҷойгир буда, 5 километр тӯл дорад.

Тавзеҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Роҳ ҳаракати дуҷониба дорад, ки ҳар яки он 2 хатти қатор ва дар байни онҳо девор дорад. Аз ин роҳ нақлиёти ҷамъиятии рақамҳои 11 ва 14 мегузаранд.

Роҳ рост аст, аммо мисли мор гардиш дорад. Роҳ соли 2015 таъмиру барқарор карда шуд. Роҳ аз тарафи ҷануби кӯчаи Асадулло Ғуломов (супермаркети «Ёвар») оғоз шуда, дар чорроҳаи кӯчаи Ҷомӣ, ки маҳаллаи 61 ҷойгир аст, ба охир мерасад. Кӯча аз он сабаб чунин ном гирифтааст, ки вай аз қад-қади дарёи Душанбинка (Варзоб) мегузарад. Он инчунин бо кӯчаҳои Абай ва Мушфиқӣ ва Шерозӣ бурида мешавад. Дар роҳ ҳаракати нақлиёт чандон зиёд нест.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]