Jump to content

Кӯчаки Истаравшанӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кӯчаки Истаравшанӣ

Кӯчаки Истаравшанӣ (форсӣ: کوچک استروشنی‎, Кӯчаки Баққол[1]; қарни XVIII) — шоири форс-тоҷик, падари Ҳоҷӣ Муҳаммади Шаҳдӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи косиб, дар гузари Масҷиди Сафеди Истаравшан зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз муҳтавои осораш бармеояд, ки аз илмҳои роиҷи замон бархурдор будааст. Бино бар маълумоти маъхазҳои адабӣ, Кӯчаки Истаравшанӣ соҳибдевон буд, девонаш то замони мо дастрас нашудааст. Забони ашъори Кӯчаки Истаравшанӣ содаву равон буда, мавзӯъҳои иҷтимоиро дар бар гирифтааст. Кӯчаки Истаравшанӣ аз табақаи ҳунармандон буда, бо ҳалвопазӣ рӯз мегузаронидааст.

Байти зер аз ӯст:

Кӯчако, умр ба ҳафтод расид,
Солҳо кафча задӣ, ҳалво ку?!

  1. Каромиддин Ҷонмаҳмадов. Шаҳдӣ ва осори ӯ. ovozitojik.uz. Рӯзномаи «Овози тоҷик» (24 июли 2020). 26 июни 2024 санҷида шуд.
  • Султон Саидумар. Таърихи доираи адабии Истаравшан дар нимаи дуввуми асри ХVIII ва аввали асри ХIХ. Д., 2002.