Куштӣ
Куштӣ (форсӣ: کشتی) — камарбанди сафед ва борику баланд аст, ки порсиён ва зартуштиён ҳангоми ғуруби офтоб ба камари худ мебастанд ва ба дуо хондан мепардохтанд. Куштӣ — (Гуштӣ) гирифтан ба маънии камари якдигарро гирифтан аст, баъди пирузи. Асли он дар забони паҳлавӣ, кустик ва дар забон дарӣ гуштӣ хонда мешавад.
Куштӣ — камарбанде аст ки аз ҳафтоду ду нахи пашми гӯсфанд (ба адади ҳафтоду ду фасли Ясно) тобида мешавад ва ҳар шоха аз ин риштаҳо шомили дувоздаҳ нах (ишора ба дувоздаҳ моҳи сол) ва маҷмӯан шаш риштаи (ишора ба шаш гоҳанбор) дувоздаҳтоӣ аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин камарбанд, ки зартуштиён онро «бандарин» низ меноманд, камарбанде аст бо 72 нах, ки аз пашми гӯсфанд тавассути зани мӯбади бофта мешавад. 72 ба шаш ришта тақсим мегардад ва ҳар даста дувоздаҳ нах дорад, ки ҳафтод ва ду ишора дорад ба ҳафтод ва ду фасли Ясно (яке аз бахшҳои Авесто) ва дувоздаҳ ба дувоздаҳ моҳи сол ва шаш ишора дорад ба шаш гоҳанбор (ҳабашҳои дини сол). Кустиро се бор бар камар мебастанд, ки ёдовари се асли Зартушт яъне «гуфтори нек, кирдори нек ва пиндори нек» буд[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ (2018-02-23) «کشتی (ورزش)» (fa). Википедияи Форсӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |