Лагофталм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Лагофталм (лот. Lagophthaemus) юн. lagoos – заргӯшӣ ва ophthalmos – чашм), заргӯшчашмӣ, пурра ҷафс нашудани пилки чашмон, ки дар натиҷа қарния ва мултаҳима хушкида, дучори илтиҳоб мегарданд. Сабаби Лагофталм мумкин аст фалаҷи асаби рӯй, кӯтоҳии модарзодии пилк ё сӯхтану чаппа тоб хӯрдани он, захмдорӣ, экзофталм ва диг. омилҳо бошанд.

Муолиҷаи Лагофталм ба рафъ сохтани сабаби он нигаронда шудааст; аз доруҳои гуногун, мас., марҳаму чакраҳо низ истифода мекунанд (онҳо хушкидани қарнияро пешгирӣ менамоянд)[1].


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Лагофталм http://tajmedun.tj/publ/ehnciklopedija/l/lagoftalm/15-1-0-2529(пайванди дастнорас)