Лама

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Two llamas going for a swim.jpg

Лама (Lama) - ҷинси ҳайвонҳои ҷуфтсуми оилаи шутурҳо. Баландиаш 70 - 155 см, вазнаш 30 - 110 кг. Кухон надорад. Сапали пояш суст инкишоф ёфтааст, пашмаш борику дароз. Дар нохияҳои беҷангали паҳнкуҳҳои Амрикои Ҷанубӣ вомехӯрад. Ду намуди ваҳшӣ (гуанако ва викуня) ва ду намуди хонагӣ (худи Лама ва Алпака) дорад. Дар 2,5 - 3 солагӣ болиғ мешавад, давраи хомилагӣ 11 моҳ аст. Баъзан 2 то бача мекунад. Дар Перу ва Боливия ҳайвони боркашу пашмдеҳ мебошад.