Левон Тер-Петросян
арманӣ. Լևոն Հակոբի Տեր-Պետրոսյան | |
11 ноябрии 1991 — 22 сентябри 1996 | |
|
|
Таваллуд |
9 январ 1945 (79 сол) |
Ҳамсар | Людмила Тер-Петросян |
Ҳизб | Конгресси миллии Арманистон |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои филология[d] |
Эътиқод | Armenian Apostolic Church[d] |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Левон Акопович Тер-Петросян (арманӣ. Լևոն Հակոբի Տեր-Պետրոսյան; тав. 9 январи 1945, Алеппо (Ҳалаб), Сурия) — ходими давлатии шӯравӣ ва арманӣ ва сиесӣ, аввалин Президенти Арманистон (1991-1998), 22 сентябри соли 1996 барои мӯҳлати дуюм дубора Президенти Арманистон интихоб шуд, олими шарқшинос, доктори илмҳои филологӣ [1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]- Левон Тер-Петросян 9 январи соли 1945 дар Алеппо (Ҳалаб) Сурия таваллуд шудааст.
- Дар соли 1946 оилаи Тер-Петросянов ба Арманистон кӯчид.
- Соли 1968 бахши шарқшиносии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Ереванро хатм кард.
- Соли 1971 аспирантураи Институти шарқшиносии Ленинградро хатм кард.
- Соли 1972 рисолаи номзадӣ ва соли 1987 рисолаи докторӣ ҳимоя кард.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1972-78 дар институти адабиети Арманистон ба номи М. Абегян ҳамчун корманди илмӣ кор кардааст. Дар солҳои 1978-85 котиби илмии Институти дастхатҳои қадимӣ (Матенадаран) ба номи А. Месропи Маштотс. Аз соли 1985 дар ҳамон институт ҳамчун корманди калони илмӣ кор кардааст. Муаллифи зиеда аз 70 кори илмӣ (ба забонҳои арманӣ, русӣ ва фаронсавӣ). Узви Иттифоқи нависандагони Арманистон, Ҷамъияти Осиёии Фаронса, Академияи Мхитаристон дар Венетсия, инчунин доктори фахрии донишгоҳи Ла Верна мебошад.
Фаъолияти сиёсиро соли 1960 оғоз кардааст. Аз феврали соли 1988 ӯ кумитаи "Қарабах" -и Матенадаранро роҳбарӣ мекард. Аз моҳи майи ҳамон сол ба Ҳайати Кумитаи ҳаракати "Қарабоғ"-и Арманистон дохил карда шуд. Аз 10 декабри соли 1988 то 31 майи соли 1989 ҳамроҳ бо дигар аъзои кумитаи "Қарабоғ" дастгир карда шуд. Моҳи ноябри соли 1989 узви раёсати Ҳаракати Умумимиллии Арманӣ, сипас раиси Ҳаракати Умумимиллии Арманӣ интихоб шуд.
27 августи соли 1989 вай вакили Шӯрои Олии ҶШС Арманистон интихоб шуд, 20 майи соли 1990 дубора вакили Шӯрои Олии ҷумҳуриявӣ интихоб шуд ва 4 августи ҳамон сол Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Арманистон интихоб шуд.
16 октябри соли 1991 Аввалин Президенти Ҷумҳурии Арманистон интихоб шуд. 22 сентябри соли 1996 ба мӯҳлати дуюм интихоб шуд.
Моҳи феврали соли 1998 ба истеъфо рафт.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ levon-ter-petrosyan(англ.). www.president.am/ru.
- ↑ levon-ter-petrosyan(англ.). www.president.am/ru.