Лев Гранов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лев Гранов

Гранов Лев Григоревич (1906, Минск — 1984, Ижевск) — ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1954), профессор (1955), Корманди шоистаи илми Бошқирдистон (1966).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Белорус (1928). Дар Комиссариати ҳифзи саломатии Белоруссия хидмат намуда, солҳои 1936-41 аспирант, ассистент ва дотсенти Донишкадаи тиббии Минск, 1941-45 ҷарроҳи ҳарбӣ буд. Соли 1946 ба Тоҷикистон омада, мудири кафедраи амалиёти ҷарроҳӣ буд ва аз соли 1952 дар вазифаи ноиби ректор оид ба илму таълими Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, 1952-54 мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи вилоятии ш. Хоруғ кор кардааст. Аз соли 1955 фаъолияташро дар Донишкадаи тиббии ш. Ижевски Русия давом додааст. Пажӯҳишҳояш ба паҳлуҳои гуногуни ҷарроҳӣ, аз ҷумла дармони ҷароҳат дар шароити баландкӯҳ, беҳиссӣ ва таъсири он ба организми инсон, ҷарроҳии умумӣ бахшида шудаанд. Беш аз 48 таълифоти илмӣ дорад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Заживления ран в условиях высокогорья. Сталинабад, 1951;
  • Инфекционный эфиро-маслянный наркоз и влияние его на организм. Сталинабад, 1952;
  • Случай тромбоза мезентеральных сосудов. Сталинабад, 1953;
  • Вопросы клинической хирургии. Ижевск, 1958.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]