Лизосомаҳо
Лизосомаҳо - ҳиссаҳои нисбатан хурди мембранадор буда, шакли лӯнда доранд; диаметрашон тақрибан 0,4 мкм буда, бо як мембранаи сеқабата пӯшида шудааст. Дар лизосомаҳо кариб 30 ферменти гуногун мавҷуд аст. Онҳо қобилият доранд сафедаҳо кислотаҳои нуклеинат, полисахаридҳо, липидҳо ва дигар моддаҳоро таҷзия кунанд. Бо ёрии ферментҳо таҷзия шудани моддаҳоро лизис меноманд (аз юнонии lysis-таҷзия);бинобар ин, онҳо лизосома ном гирифтаанд. Лизосомаҳо аз ҳисоби сохторҳои маҷмаи Голҷи, ё бевосита аз тӯри эндоплазмавӣ ташаккул меёбанд. Лизосомаҳо ба вакуолаҳои пиноситозӣ ва фагоситозӣ наздик шуда, маҳлули худро ба онҳо мерезанд. Ҳамин тавр, яке аз хусусиятҳои хоси лизосомаҳо иштирок дар ҳазми моддаҳои дохилиҳуҷайравӣ аст. Ғайр аз ин, лизосомаҳо метавонанд сохтори ҳуҷайраҳои фавтандаро вайрон кунанд, масалан, дар рафти инкишофи ҷанин, модоме, ки ивазшавии бофтаҳои ҷанинӣ ба доимӣ мегузаранд ва ё дар дигар мавридҳо. Табаддулоти сохторие, ки худи ҳуҷайра ба вуҷуд меорад, дар мубодилаи мӯътадили моддаҳои ҳуҷайра аҳамияти калон дорад. Вале то ҳол маълум нест, ки лизосомаҳо маводи дохилиҳуҷайравиро, ки барои маҳв кардан ҷудо шудаанд, чи гуна шинохта мегиранд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ченцов Ю. С. . — 2010. — ISBN 978-5-9986-0013-5.
- . — 2013. — ISBN 978-5-4344-0112-8.
- . — 2011. — ISBN 978-5-94774-794-2.