Литературная газета
Забон | русӣ[1] |
---|---|
Муассисон | Anton Delvig[d] |
Кишвар | |
Санаи таъсис | апрели 1929[2] |
ISSN-и нусхаи нашр | Шаблон:Калимаи аввал Шаблон:Калимаи аввал Шаблон:Remove first word |
Награды | |
Веб-сайт | lgz.ru(рус.) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
[[Гурӯҳ:Маҷаллаҳои [[Гурӯҳ:{{{тип издания множественный}}} ба {{{забон}}}]]]][[Гурӯҳ:{{{тип издания множественный}}} ба русӣ]]
«Литературная газета» — органи Правленияи ИН Итиҳоди Шӯравӣ. Аз 22 апрели 1929 нашр мешавад.
Солҳои 1929—32 органи Федерацияи иттиҳодияҳои нависандагони шӯрави буд ва дар назди худ дар соҳаи адабиёт ба рох мондани мусобикаи озодии гурӯҳҳо ва чараёнҳои гуногунро гузошта буд. Баъди қарори КМ ВКП «Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабии эчодӣ» (1932) «Л. г.» органи Комитети ташкили ИН ИШ ва РСФСР шуд. Пас аз Съезди I-уми умумииттифокии нави¬сандагони советӣ (1934) «Маҷаллаи Адабиёти» газетаи хафтаъйинаи Правленӣяи ИН Итиҳоди Шӯрави гардид. Январи соли 1942 бо маччалаи «Советское искусство» муттахид гардида, бо номи «Литература и искусство» нашр шуд. Аз ноябри соли 1944 боз бо номи «Маҷаллаи Адабиёти» аввал ҳафтае як бор, аз сентябри соли 1947 ду бор ва аз июли соли 1950 се бор мебаромад. Аз 1 январи 1967 ба газетаи хафтаъйинаи 16-сахифагӣ табдил ёфтааст. «Маҷаллаи Адабиёти» аз ҷиҳати мавзую мундарича ба ду қисмат чудо мешавад. Дар қисмати якум маколаҳои назарию методологи, таҳқиқотҳо оид ба вазъи чараёни адабй, мусохиба, такризу обзорҳо, баромадҳои адибону мунаккидон чоп мешаванд; инчунин намунаҳои насру назми адабиёти халкҳои ИШ, масъалаҳои санъати театрй, кино, телевизион, робитаи хонанда ва тамошобин барои адабиёту санъати шурави мавриди барраси қарор мегиранд. Кисмати дуюм асосан масъалаҳои сиёсиву ичтимоӣ, ахлоқу маишат, идеология ва адабиёту санъати хориҷиро фаро мегирад. Ин қисмат масъалаҳои мухимми зиндагӣ, таърих, тиб, табиат, маишат, ахлоқ, иктисодиёт, мавзуъҳои байналхалкӣ аз назари нависандагони номдор ба мухокима гирифта мешаванд. Кисмати ҳачви «Маҷаллаи Адабиёти» низ басо чолнб аст. «Маҷаллаи Адабиёти» яке аз газетаҳои бонуфузи, адабии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар он сухани адибон, устодони санъати советӣ дар бораи мавкеи ҷамъиятии адабиёт, озодии эчодиёт ва эчодкор, макоми устодони санъат дар ҷамъияти социалистӣ ба тарики барчаста садо медихад. Баромадхон Максим Горький, В. Маяковский, М. Шолохов, А. Фадеев, А. Толстой ва дигарҳо нависандагони машҳури советӣ дар сахифаҳои «Маҷаллаи Адабиёти» дарч гардидаанд. Ки дар онҳо бофтаҳои бардуруги идеологҳои буржуазӣ дар боран «озодии бехудуд» ва маҳдуд будани имконоти адабиёти реализми социалистӣ махкум карда шудаанд. Яке аз масъалаҳои мухимме, ки «Маҷаллаи Адабиёти» ба он аҳамияти дарачаи аввал медихад, равшан кардани руйдодҳои адабиёти советии сермиллат аст. Газета дар бораи эчодиёти намояндагони намоёни адабиёти советии тоҷик С. Айнӣ, А. Лохутӣ, Ч.Икромй, С. Улуғзода, Р. Чалил, М. Каноат, Ф. Мухаммадиев, Л. Шералӣ ва дигарҳо низ маколахо чоп карда, фикру мубоҳисаҳои худро изҳор доштааст. Дар сахифаҳои «Маҷаллаи Адабиёти» хусусан Мирзо Турсунзода бо маколаҳои зиёди публисистӣ ва танкидӣ баромад кардааст, шеъру достонҳояш чоп гардидаанд. Олимон ва адибу мунакдидони тоҷик М. Осимй, М. Каноат, Ф. Ниезӣ, Л. Шералӣ, М. Шукуров, А. Сайфуллоев. М. Муллочонов ва диг. дар мубохисаҳои адабии «Маҷаллаи Адабиёти» иштирок кардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 The ISSN portal (ингл.) — Paris: ISSN International Centre, 2005. — ISSN 0233-4305
- ↑ Краткая литературная энциклопедия (рус.) — М.: Советская энциклопедия, 1962.