Jump to content

Лолагӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳаи Лолагӣ
НФС "Файзобод" дар деҳаи Лолагӣ
НФС "Файзобод" дар деҳаи Лолагӣ
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Вашгирд
Аҳолӣ 2751 нафар (2010), тоҷикон
Хоҷагӣ 392

Лолагӣдеҳа дар ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 8 км. Дар сари роҳи Файзобод - Роғун воқеъ аст. Аҳолиаш 2751 нафар (2010), тоҷикон. Аз 392 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, филиали почтаи ноҳия, филиали «Амонатбонк», заводи «Мурғи ҳилол», заводи «Мурғи марҷон», 3 мағозаи хусусии маҳсулоти ниёзи мардум, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, 2 дӯкони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 1 хоҷагии деҳқонии коллективӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба парандапарварӣ, сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ машғуланд. Заминҳо аз канали Меҳробод обёрӣ мешавад.[1]

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.