Jump to content

Лола Ёдгорова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лола Ёдгорова
Матлуба Расуловна Бердиева
Таърихи таваллуд 20 март 1959(1959-03-20) (65 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Лабор. гигиенаи ғизо ва токсикологияи ИТИ-и тибби профилактикӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин

Лола Рустамовна Ёдгорова (Муллоҷонова) (20.03.1959, Душанбе) — химбиолог. Номз. илмҳои химия (1995). «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Лола Ёдгорова дар фак. химбиол. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил кардааст (1976–84). Пас аз хатми УДТ лабор. калон (1987–90), корм. хурди илмии Лабор. токсикологӣ (1990–93), пизишк-биолог. Лабор. ҷамъоварӣ ва коркарди хуни махлут (плацетарӣ, 1993–95), корм. калони илмии Лабор. гигиенаи ғизо ва токсикологияи ИТИ-и тибби профилактикӣ (1995–99), ҷон. дир. оид ба корҳои илмии Ин.-ути мазкур (1999–2008). Аз. С. 2008 – муд. шуъбаи гигиена ва ҳифзи муҳити зисти Ин.-ути ёдшуда ва ҳамзамон коршиноси Лоиҳаҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Рушди Осиё ва Бонки Ҷаҳонӣ оид ба мушкилоти иҷтимоии экологӣ. С.1989–94 дар Ин.-ути умумиит. тадқ. илмии гигиенаи полимерҳо ва токсикологияи пестисидҳои Киев таҳсил намуда, соли 1995 дар мавзӯи «Гигиена ва токсикология» рисолаи номз. дифоъ кардааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи беш аз 120 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 8 тавсияи методикӣ ва пешниҳоди ратсионализаторӣ – «Условия формирования регионов экологического неблагополучия в Республике Таджикистан» (ҳаммуаллиф, Д., 1998), «Влияние экологических факторов на иммунный статус детей, проживающих в Турсунзадевском районе» (ҳаммуаллиф, Д., 2000), «Особенности микрофлоры содержания бронхов и мокроты ӯ больных бронхолегочными заболеваниями» (ҳаммуаллиф, Д., 2005), «Изучение содержания фтора в воде хозяйственно-питьевого назначения надземных и подземных источников в различных регионах Таджикистана» (ҳаммуаллиф, Д., 2014) ва пешниҳоди ратсионализатории «Метод определения оксим банвела Д в воде и биопробах» (Д., 1989) ва ғ. Хидматҳояш бо мед. ба номи И.И. Мечников ва ба номи И.П. Павлов ва чандин Ифтихорномаи Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6