Лурентсу Гибертӣ
итол. Lorenzo Ghiberti | |
Таърихи таваллуд | 1378[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 1 декабр 1455[1] |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | art of sculpture[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Лурентсу Гибертӣ (итол. Lorenzo Ghiberti; 1378[1][2][3][…], Флоренсия[d] — 1 декабр 1455[1], Флоренсия[d][4]) — ҳайкалтарош, рехтагар ва ҷавоҳирсози итолиёӣ; муаллифи чандин асари ҳунарӣ. Намояндаи мактаби Флоренсия. Пайдоиши ҳайкалтарошии нави даврони кватроченторо марбут ба ӯ медонанд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1403 дар озмун барои бо муҷассамаҳо оро додани дарвозаҳои шимолии таъмидгоҳи баптистии калисои ҷомеи Флорентио пирӯз шуд. Нақшҳои барҷастае, ки бар асоси сужетҳои Инҷил кашид (1404-24; «Қурбонӣ кардани Иброҳим» ва ғ.) бо намунаҳои атиқӣ ҳамоҳанг буданд, аммо аз лиҳози тазйину тарзи нафиси тафсир ва ғ. бо ҳунари асримиёнагӣ робитаи зич доштанд. Солҳои 1425-52 Лурентсу Гибертӣ дарвозаҳои шарқии таъмидгоҳи баптистии ин калисоро ороиш дода, дар асоси саҳнаҳои Инҷил ва Таврот дар заминаи меъморию манзара 10 нақши барҷаста офарид. Ин асари асосии Лурентсу Гибертӣ мебошад, ки дар он таҷрибаи ҳунари атиқаву кашфиёти давраи Эҳё истифода шудааст ва комилан ба услуби давраи Эҳё ҷавобгӯст. Дигар осори машҳури Лурентсу Гибертӣ: муҷассамаҳои Стефани Муқаддас, Иоҳан Предтечи Муқаддас, Матфеи Муқаддас дар калисои Ор-Сан-Микел (1404-29, биринҷӣ, дар Флоренсия), нақшҳои барҷастаи купели (зарф барои ғусли таъмиди бача) таъмидгоҳи баптистӣ дар Сиен (биринҷӣ, солҳои 1417-27). Офаридаҳои заргарии Лурентсу Гибертӣ то замони мо нарасидаанд. Дар Флоренсия (ҳамчун сарвари коргоҳи бузург), Сиена, Венетсия ва Рум кор кардааст. Рисолаи ҳасбиҳолӣ ва бадеию назариявие дорад бо номи «Машруҳот» (1448).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 RKDartists (нидерл.)
- ↑ 2.0 2.1 Lorenzo Ghiberti
- ↑ 3.0 3.1 Swartz A. Lorenzo Ghiberti (ингл.) — 2007.
- ↑ 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118539086 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- Всеобщая история искусства. Т. 3. М., 1962;
- Дворжак М. История итальянского искусства в эпоху Возрождения. Т. 1-2./Пер. с немецкого. М., 1978;
- Арган Дж. К. История итальянского искусства. Т. 1-2./Пер. с итал. М., 1990;
- Вазари Дж. Жизнеописание знаменитых ваятелей и зодчих: Пизано, Гиберти и других./ Пер. с итал. М., 2006.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гиберти Лоренсо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.