Jump to content

Лутфии Мунаҷҷим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лутфии Мунаҷҷим
Навъи фаъолият: шоир, мунаҷҷим

Лутфии Мунаҷҷим (форсӣ: لطفی منجم[1]; ? — қарни XVI) — шоир ва донишманди форсизабони Ҳиндустон.

Лутфии Мунаҷҷим дар илми нуҷум истеъдоди комил доштааст. Аз ашъори шоирони гузаштаву муосир намунаҳои зиёде аз ёд медонист ва он шеърҳоро дар маҷлису ҷамъомадҳои адабӣ бо маҳорати фавқулода мехонд. Лутфии Мунаҷҷим асосан ба ғазалсароӣ машғул шуда, дар ғазалиёташ оид ба муҳаббату вафодорӣ, донишу адаб, зебоиҳои табиат, фоидаи касбу ҳунар ва ғайра сухан рондааст. Намунаҳои осораш дар тазкираҳо омадаанд.

  1. لطفی منجم. ویستا. 20 май 2024 санҷида шуд.