Лутфии Самарқандӣ
Зоҳир
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Лутфии Самарқандӣ (форсӣ: لطفی سمرقندی; ? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз илмҳои расмии давраш, махсусан аз илми сиёқ (услуб) вуқуфи комил доштааст. Дар навъҳои гуногуни шеър (ғазал, рубоӣ ва ғ.) қувваозмоӣ мекардааст. Абёти зер аз ӯст:
Хуне, ки зи оразат чакад, таъна занад гулобро,
Холи лаби ту бишканад қимати мушки нобро.
Гар зи фурӯғи оразат зарра шавад бар осмон,
Маҳв кунад ҳамон замон партави офтобро...
Ашки дамодам аз мижа, ин ҳама чист, Лутфиё,
Чашми ту мебарад магар хосияти саҳобро.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Лутфии Самарқандӣ / У. Каримов // Калим — Работ. — Д. : СИЭМТ, 1989. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 2). — ISBN 5-89870-001-3.