Jump to content

Лутфӣ Обидхоҷа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лутфӣ Обидхоҷа

Лутфулло Обидхоҷаев (Лутфӣ Обидхоҷа) — шоир, рӯзноманигор. Аз соли 1939 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

(Обидхоҷаев Лутфулло) соли 1898 дар шаҳри Ӯротеппа ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳна гирифта, сипас дар мактаби русӣ таҳсил кардааст. Аз сабаби танқисии рӯзгор чанд сол фориғи таҳсил буда, баъдан ба чорводорӣ машғул шудааст. Соли 1914 ба Тошканд рафта, дар заводи хишт ба кор даромадааст. Солҳои аввали Давлати Шӯравӣ курси яксолаи омӯзгориро дар Самарқанд ба итмом ра- сонда, дар муҳорибаҳои зидди босмачиён иштирок кардааст. Аз соли 1923 дар мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ фаъолият бурдааст. Соли 1949 комилан ба ко- ри рӯзноманигорӣ гузашта, ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Роҳи сотсиализм» будааст. 2 январи соли 1957 вафот кард.

Шеърҳои аввалинаш соли 1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ва маҷаллаи «Мулло Мушфиқӣ» ба чоп расидаанд. Асосан ғалабаи Инқилоби Октябр ва шукуфойии мамлакати шӯравиро тараннум кардааст. Соли 1938 достони аввалинаш «Салимпаҳлавон» чоп шуда, баъдан достонҳои «Наҷминисо» (1941) ва «Назарпаҳлавон» (1945—1948)-аш ба дасти хонанда расидаанд, ки ба мавзӯъҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ғалабаи сохти шӯравӣ, қаҳрамониҳои шӯравиён дар ҷанг ва ситоиши озодии занон бaхшида шудаанд. Як қатор шеъру достонҳои Лутфӣ дар китоби «Сатрҳои муҳаббат» (1940), «Ишқ ва ғалаба» (1947), «Тӯҳфаи шоир» (1948) ва «Мунтахабот» (1959) ҷой гирифтаанд.[1]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 170 ISBN 978-99947-2-379-9