Jump to content

Людмила Успенская

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Людмила Успенская
Таърихи таваллуд 11 (24) сентябр 1909
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 октябр 2000(2000-10-23) (91 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ эроншиносӣ ва тоҷикшиносӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»

Людмила Владимировна Успенская (11 [24] сентябр 1909, Санкт-Петербург23 октябр 2000, Санкт-Петербург) — эроншинос ва тоҷикшинос, доктори илмҳои филология.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Людмила Успенская соли 1909 дар хонаводаи княз Владимир Успенский ба дунё омадааст. Соли 1932 шуъбаи шарқшиносии Донишкадаи давлатии таъриху забони шаҳри Ленинградро хатм кардааст.

Солҳои 1933—1934 муаллими забони тоҷикӣ дар курсҳои олии стенографии КИМУ ИҶШС шаҳри Маскав, 1935—1937 тарҷумони адабии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх»,1938-1942 корманди калони «Палатаи китоб»-и назди Комиссариати маорифи Тоҷикистон, 1942—1945 муаллими забони тоҷикии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко ва котиби илмии Институти таърих, забон ва адабиёти АИ ҶШС Тоҷикистон буд[1].

Солҳои 1960—1961 ҳамчун дотсенти кафедраи забони русӣ, 1961—1973 мудири кафедраи методикаи таълими забони русӣ, 1973—1982 мудири кафедраи забони русии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Солҳои 1982—1991 профессори кафедраи ҳамин донишкада буд.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Людмила Успенская муаллифи шуморе аз мақолаҳои илмӣ ва чандин китобҳои дарсӣ аз забони русӣ аст. Ӯ яке аз мураттибони луғати тоҷикӣ-русӣ, ки соли 1954 дар Маскав нашр шудааст, мебошад. Тибқи китобҳои дарсии ӯ ҳазорон тоҷикон то ҳол забони русиро меомӯзанд[2].

Дар мавриди масъалаҳои мухталифи забоншиносии тоҷикӣ ва русӣ корҳои илмӣ бурдааст. Таҳти роҳбарияш аспирантҳо ва унвонҷӯёни зиёде рисолаҳои илмиашонро ҳимоя кардаанд.

Шавҳар — Муҳаммадқосим Зулфиқоров, ходими ҳизбӣ, соли 1937 саркӯб шудааст.

Писар — Темур Зулфиқоров. Духтараш — Зайнаб, дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад.

Барои хидматҳояш бо ордени «Инқилоби Октябр», унвонҳои фахрии «Муаллими хидматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1950), «Ходими Хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон» (1956) ва якчанд нишону ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

  • Каратагский говор в таджикском языке. — Д., 1956.
  • Методическое пособие по русскому языку для 4 — х классов, по использованию учебника по русскому языку в таджикской школе. — Д.,1956.
  • Говоры таджиков Гиссарского района. — Д., 1962.
  • Русский учебник для 7-класса школ с таджикском языком обучения. — Д.: Маориф, 1989.
  • Русский язык: Учебник для 5-класса / Л. В. Успенская, В. С. Абдуллоева. — Д.: Маориф, 1986. — 199 с.

Людмила Успенская 23 октябри соли 2000[3] дар шаҳри Санкт-Петербург, дар манзили духтараш Зайнаб даргузаштааст[1].

  1. 1.0 1.1 Дилоро Сайдамирова. Темур Зулфиқоров: “Модарон намемиранд, онҳо моро дар Биҳишт интизор мешаванд...”. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (27 августи 2019). 15 ноябри 2021 санҷида шуд.
  2. Амаль Ханум ГАДЖИЕВА. Л. Успенская: «Дай Бог этому народу найти в себе силы…» Бойгонӣ шудааст 21 Январ 2018  сол. // Asia-Plus 02.10.2009 г.
  3. Талъат Нигор. «Такая русская таджичка, как Людмила Успенская, вряд ли еще будет». www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (9 марти 2019).