Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар Панҷакент

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент яке аз донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд зодаи даврони истиқлол буда, дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз 16 июли соли 1991 ҳамчун шуъбаи Маркази осиёимиёнагии Донишгоҳи озоди Русия таъсис ёфта ва аз соли 1994 ҳамчун Донишгоҳи озоди Тоҷикистон фаъолият намуда аз ду факултет: ҳуқуқшиносӣ ва менеҷменти тиҷоратӣ иборат буд. Вобаста ба талаботи айём соли 2001 дар донишкада факултети омӯзгорӣ ташкил карда шуд. Донишкада то соли 1994 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо номи Донишкадаи озоди Тоҷикистон ва аз соли 2007 бо номи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент фаъолият мекунад. Имрӯз дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 2500 нафар донишҷӯен таҳсил менамояд, кӣ аз онҳо 1700 нафарашон ба шакли ғоибонаи таҳсил фарогир мебошанд. Ба онҳо 146 нафар устодони соҳибкасбу бомаҳорат сабақ меомӯзонанд, ки дар ҳайати онҳо 4 нафар доктори илм, ва 24 нафар номзадҳои илм мебошанд Теъдоди умумии кормандон беш аз 240 нафарро ташкил медиҳад. Донишкадаи мазкурро зиёда аз 10000 нафар ҷавонон хатм намуданд ва ҳоло дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият карда истодаанд. Сарпарасти донишкада Вазорати маорифи Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишкада мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.[1]

Факултаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Забонҳои хориҷӣ
  • Филология
  • Таърих
  • Менеҷмент
  • Информатика
  • Ғоибона (фосилавӣ )[1]

Маъмурият[вироиш | вироиши манбаъ]

Ректор - Ансорӣ Муаззамхон Қудратзода (аз соли 2007)

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

fosilavi.dotpanj.tj

  1. 1.0 1.1 Асосӣ(тоҷ.). dotpanj.tj. 19 апрели 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 марти 2019.