Jump to content

Мавлавӣ Ҷунунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мавлавӣ Ҷунунӣ
форсӣ: مولوی جنونی
Таърихи таваллуд: 1800
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1877
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: ориф, шоир

Мавлавӣ Ҷунунӣ (форсӣ: مولوی جنونی‎, номи аслӣ Сайидқаландар ибни Шоҳсоҳиб; 1800, вилояти Қандаҳор1877, Роҳатӣ, ноҳияи Рӯдакӣ) — ориф, шоир ва мутафаккири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сайидқаландар ибни Шоҳсоҳиб дар соли 1800 (мутобиқ ба 1216 ҳ. қ.) қаряи Пӯшанги вилояти Қандаҳори Афғонистон дар хонадоне аз сайидони аҳли тариқат ба дунё омадааст[1]. Ба далели мушкилот хонаводагӣ зодгоҳи худро тарк ва рустои Роҳатӣ, ки аз тавобеъи минтақаи Ҳисори Шодмони Тоҷикистон аст, ибтидо барои омӯзиш ва баъдан барои иқомати доимӣ ва тадрис ихтиёр кардааст. Ҷунунӣ худ бо ишора ба ин бахши умр ва илали интихоб тахаллус дар шеъраш гуфтааст:

Ин ҷунун Сайидқаладар ном дошт,
Аз азал завқи ҳузури ҷом дошт.
Ин Шоҳсоҳиби азизи боданӯш,
Бобу аҷдодаш дар ин роҳ хирқапӯш.
Аз сайидоти Пӯшанги Қандаҳор,
Шуд ватан маҷрои умр дар Ҳисор.

Вай айёми кӯдакӣ ва оғози ҷавонии хешро бо таҳсили улуми исломӣ ибтидо дар назди падар ва сипас дар Бухорои Шариф сипарӣ намуда ва дар ҳамонзамон мулаққаб ба Мавлавӣ шуда ва баъд аз тай намудани мароҳили илмомӯзӣ, боқимонда ҳаёти худро бо касби тариқат ва хидмати машоиху пирони комил ва таҳзиби нафс гузаронд. Бино ба шаҳодати худи вай, падараш, ки дар синни навадсолагӣ аз олам чашм пӯшид вайро ба унвони ҷонишини худ ва роҳнимои аҳли тариқат таъйин кард.

Падари Ҷунунӣ, Шоҳсоҳиб ба унвони орифе барҳаққ ва муршиде комил, аввалин устод ва нахустин муршиди вай буд, ки улуми шаръия, ирфон ва тасаввуфро аз эшон фаро гирифт. Сайидқаландаршоҳ, ки ном асли Мавлавӣ Ҷунунӣ аст пас аз даргузашти падар ба Макка ва Мадина равзаи пайғамбарон ва авлиёи Бағдоду Шом ва шаҳрҳову кишварҳои дигар рафт ва аз ҷумла касонеро монанди Абдулқодири Гелониро зиёрат кард.

Аз ишорҳҳое, ки Мавлави Ҷунунӣ дар осори худ дорад, чунин бармеояд, ки вай қабл аз сафари ҳаҷ ба мулки Ҳисор омада ва дар ин мавзеъ чанд соле низ иқомат карда ва ба ин далел буда, ки эшон дар чанд ҷое аз ашъори худ Ҳисорро ватан гуфта ва аз муридон ҳисориаш ба ҳайс ҳамватанони чашминтизораш ёд мекунад:

З-он бишорат кард ӯ азми ватан,
Шуд ҳисориҳо ба ҳасраш анҷуман.

Вай тахаллуси Ҷунуниро, ки зоҳиран аз ҷунун ё девона (-и роҳ ҳаққ) гирифта шуда, дар канор «Нодирӣ» дувумин тахаллуси шоирии худ ба кор мебурдааст. Ин шоири тавонманд, завқу қареҳаи шоирии фавқулода болое дошт, чунонки гуфтаанд дар муддат 40 рӯз, китоби шеърии 1000 сафҳаиро сурудааст.

Мавлавӣ Ҷунунӣ умдатан ба забони форсӣ эҷод карда, ягона достони «Завқу-л-муҳиб»-ро ба забони туркӣ-узбакӣ дар шаҳри Деҳнав дар ҷануби Узбакистони имрӯза таълиф кардааст[2]. Мавлавӣ Ҷунунӣ зуллисонайн, яъне шоири дузабона буд, ки ба забонҳои форсӣ ва туркӣ озодона эҷод мекард. Шумораи асархои ӯ ба ёздаҳ мерасад. Аммо то имрӯз ҳафт асари шоир маҳфуз мондааст.

  1. «Ҷунунӣ (ғазалиёт)»
  2. «Нодирӣ (маснавӣ)»
  3. «Завқу-л-муҳибб» (ба забони туркӣ)
  4. «Мухаммасот»
  5. «Ганҷу-л-ошиқин»
  6. «Маъдану-л-ҳол»
  7. «Васиятнома»

Мавлавӣ Ҷунунӣ дар синни 77-солагӣ дар соли 1877 (мутобиқ ба 1295 ҳ. қ.) даргузашт[2]. Мазори шарифаш зиёратгоҳи аҳли дил шудааст.

  • Мавлавӣ Ҷунунӣ. Маъдану-л-ҳол. — Душанбе: Сафват, 2009. — 858 с.
  1. «مولانا جنونی» عارف و شاعری آرمیده در دیاری آشنا(форсӣ). sheardoost.com. 8 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 Декабри 2022.
  2. 2.0 2.1 Мавлавий-Жунуний (1800-1877)(ӯзб.). www.ziyouz.uz (9 Январ 2012). 8 Декабри 2022 санҷида шуд.