Jump to content

Мавлонозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мавлонозода

Мавлонозода(? — қарни XIV) — яке аз роҳбарони шӯриши Сарбадорони Самарқанд бар зидди муғулҳо соли (1365—1366).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи давлатманд. Дар давраи ҳуҷуми муғулҳо аз Ҳафтрӯд ба Осиёи Миёна (1365) омада, ӯ муллобачаи яке аз мадрасаҳои Самарқанд шуд ва дар байни мардум ҳамчун шахси ҷасур ном баровард. Баъди он ки амирони Мовароуннаҳр Ҳусайн ва Темур дар муҳорибаи назди Чирчик шикаст хӯрда, ба Балх гурехтанд, Мавлонзода бо ҳамроҳии Абубакри Кулӯй ва Хурдаки Бухороӣ муҳофизати Самарқандро ташкил кард ва дар он қобилияти ташкилотчигӣ ва сипаҳсолорӣ нишон дод. Баъди ғалаба бар муғулҳо Мавлонзода ва дигар роҳбарони шӯриш бо макру фиреб ба бошишгоҳи Ҳарбии Ҳусайн оварда шуданд. Ҳамсафони Мавлонзодаро ба қатл расонданд. Мавлонзода бо дахолати Темур аа март наҷот ёфт. Фаъолияти минбаъдаи ӯ маълум нест[1].

  1. Мавлонозода // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
  • Бартольд В. В.. Народное движение в Самарканде в 1365 г., Соч., т. 2, ч. 2, М.. 1964.