Абубакри Кулӯй
Зоҳир
|
|
Даргузашт |
1366 Самарқанд |
Абубакри Кулӯй (? — 1366, Самарқанд) — ҳунарманд ва яке аз роҳбарони шӯриши Сарбадорони Самарқанд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар вақти ҳуҷуми муғулҳо ба Мовароуннаҳр амирони Ocиёи Миёна Ҳусайн ва Темур дар муҳорибаи назди Чирчиқ шикаст хӯрда ба Балх гурехтанд. Абубакри Кулӯй бо ҳамроҳии Мавлонозода ва Мавлоно Хурдаки Бухороӣ муҳофизати Самарқандро ташкил намуда, хони муғулҳо – Илёсхоҷаро маҷбур кард, ки Самарқандро тарк кунад. Мудофиаи Самарқанд (1365) давоми шӯриши сарбадорон буд. Баҳори 1366 Темур ва Ҳусайн ба Самарқанд баргашта, шӯришро бераҳмона пахш карданд ва Мавлоно Хурдаки Бухороӣ ва Абубакри Кулӯйро бо ҳилаю фиреб ба қатл расониданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абубакри Кулӯй // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.