Мирхокӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирхокӣ

Мирхокӣ, Мавлоно Муҳаммадҳусайни Бухороӣ (? — 1567, Бухоро) — пизишк, мусиқидон, хонанда, оҳангсоз ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бухоро. Мирхокӣ илмҳои шеъру мусиқӣ, тиббу риёзиётро бо мароқ омӯхтааст. Мирхокӣ бо табибиву санъатварӣ дар зодгоҳаш ном бароварда, дар навохтани танбӯру рубоб ва қонун маҳорати баланд дошта, оҳангҳои зиёде эчод намудааст: «Пешрави Ҳусайнӣ», «Савти Дилрабо», «Кор ба усули Ушшок», «Қавли Дилреш» ва ғайр. Мирхокӣ дар гуфтани ғазал низ табъи хуш дошта, аксар ғазалаш-ро ба оҳанг даровардааст. Девони ашъорашро тартиб дода, дар тиб, ки пешаи асосии рӯзгузарониаш буд, низ рисолае нигоштааст. Мирхокӣ шогирду пайрави зиёде доштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]