Мавлоно Сайид Бурҳонуддини Машҳадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мавлоно Сайид Бурҳонуддини Машҳадӣ

Бурҳон (форсӣ: برهان‎), Мавлоно Сайид Бурҳонуддини Машҳадӣ (? — 1513, Машҳад) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз зодгоҳаш — Машҳад ба Ҳирот омада, улуми мутадовилаи даврро омӯхт ва яке аз ашхоси маъруф гардид. То замони пирӣ дар Ҳирот буд; нобино шуд ва ба зодгоҳаш баргашт. Тазкиранигорон аз девон доштанаш иттилоъ надодаанд, вале таъкид намудаанд, ки қасоиду ғазалиёт, рисолаҳо дар қофия ва саноеи бадеӣ доштааст. Абёти зерин намунае аз як қасидаи ӯянд, ки дар он аз санъати муболиға истифода кардааст:

Биҳамдиллаҳ, ки шуд ҳосил ҷаҳонро равнақи комил
Зи фарри рофити дохил, зи адли хусрави одил,
Шаҳи ғозӣ, ки дар ҳайҷо чу шуд пайдо ҳижабросо,
Шаванд аз бими ӯ аъдо чу рӯбаҳ хоифу бедил.
Сипеҳри салтанат Султон Ҳусайн, он сафдари майдон,
Ки номи Рустами Дастон зи дастонаш шуда ботил.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]