Мавлоно Ҳимматии Ангуронӣ
Зодгоҳ: | |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Мавлоно Ҳимматии Ангуронӣ (форсӣ: مولانا همتی انگورانی; қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мавлоно Ҳимматии Ангуронӣ дар рустои Ангурон аз шаҳристонҳои Маҳнишони Занҷон ба дунё омадааст. Ӯ дар замони Шоҳ Исмоили Сафавӣ барои тарвиҷи мазҳаби ташайюъ сафарҳое ба Имперотурии Усмонӣ доштааст ва дар Туркия ба поси ҳузури ӯ, беш аз 19 қадамгоҳ ба номаш барпо шудааст. Ӯ дар ниҳоят ба зодгоҳи худ баргашта ва пас аз вафот дар ҳамон ҷо мадфун гаштааст.
Аз ӯ ҳудуди ҳафт ҳазор байт шеър дар се забони асосии форсӣ, арабӣ ва туркӣ боқӣ мондааст. Ашъори ӯ дар ду дафтари шеър ҳастанд, ки ҷилди нахуст шомили 2500 байт аст, ки дар бораи Алӣ ибни Абӯтолиб, имоми аввали шиъаён ва аҳли байт суруда шудааст. Ҳамчунин дафтари дуввум шомили 4500 байт дар қолабҳои ғазал ва қасида суруда шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- دیوان مولانا همتی انگورانی بر اساس نسخه خطی کتابخانه مرکزی دانشگاه تهران، به تصحیح محمدرضا باغبان کریمی، تهران، چاپ دوم، انتشارات تکدرخت، 1390.