Занҷон
| Маҳалли аҳолинишин | |
Занҷон | |
|---|---|
| | |
| Кишвар |
|
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Баландии марказ | 1 638 м |
| Минтақаи замонӣ | UTC+03:30[d] |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | 0241 |
| zanjan.ir | |
|
|
|
Занҷон (порсӣ: زنجان ), Зангон — шаҳр дар шимолу ғарби Эрон, маркази устон ва шаҳристони Занҷони ҶИЭ. Масоҳаташ 81 км2, баландиаш аз с. б. 1638 м. Аҳолиаш 416 ҳазору 851 нафар (2011), аксарият туркҳои озарӣ. Масофа аз Занҷон то шаҳри Теҳрон 298 км ва то соҳили дарёи Хазар (Каспий) 125 км.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Занҷон байни шаҳрҳои Қазвину Табрез қарор дошта, яке аз шаҳрҳои қадими Эронзамин аст, ки Батлимиюси Юнонӣ (тақр. 87-165) аз он бо номи Огонзоно ёд кардааст. Номи қадими шаҳр Шоҳин ё Шаҳин буд. Ҳамдуллоҳи Муставфӣ бунёди Занҷонро ба Ардашери Бобакон нисбат додааст. Дар маъхазҳои ҷуғрофӣ Занҷон гоҳе ҷузъи Дайлам, Ҷибол, Озарбойҷон ва ё Рай ёд шудааст. Соли 644 аз ҷониби арабҳо ишғол гардид. Занҷон муддате тобеи давлати Сомониён ва Дайламиён буд. Дар «Ҳудуду-л-олам» шаҳри пурнеъмат тавсиф шудааст. Занҷон дар давраи тохтутози муғулҳо хароб шуда, дар аҳди Элхонон, бахусус дар замони Улҷойту, дубора обод гардид. Ба қавли Ибни Ҳавқал, Занҷон (аз ш. Абҳар бузургтар) дар сари роҳи Озарбойҷон воқеъ гардида, ҳавояш сард ва забони мардумаш паҳлавӣ (форсии миёна) аст. Занҷон ҳоло яке аз марказҳои бузурги саноатӣ ва ҳунарҳои дастӣ (қолинбофӣ, намадмолӣ, сафолгарӣ, кандакории рӯи мис) мебошад. Оби ошомидании Занҷон аз корез, чоҳ ва рӯдхона таъмин мешавад. Шуғли асосии бошандагони Занҷон: кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, бозаргонӣ, бофандагӣ ва косибӣ. Дар Занҷон гандум, ҷав, лӯбиё, ҷуворӣ, бодиринг, тарбуз, помидор, ангур, себ, анор, анҷир, чормағз, зайтун, офтобпараст кишт карда мешаванд. Муассисаҳои илмии Занҷон: Донишгоҳи Занҷон, Донишгоҳи таҳсилоти такмилии улумпояи Занҷон, Донишгоҳи улуми пизишкии Занҷон, Донишгоҳи озоди исломии воҳиди Занҷон, Донишгоҳи фарҳангиён. Биноҳои меъморӣ-таърихии Занҷон: Бозори Занҷон, масҷиди ҷомеи Занҷон, масҷиди Чиҳилсутун ва масҷиди Ҷамилахонум.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ جمعیت به تفکیک تقسیمات کشوری (форс.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занҷон / Қ. Расулиён // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
| Шаҳрҳои устони Занҷон |
|---|
| Абҳар | Зарринобод | Занҷон | Қейдор | Моҳнишон | Оббар | Ҳедаҷ | Хуррамдарра
|