Jump to content

Мавҷуда Сайфуллоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мавҷуда Сайфуллоева (тав. 08.03.1935, ш. Ленинобод), номзади илмҳои педагогӣ (1987), дотсент (1991).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1967 факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм кардааст. Солҳои 1967–1969 муаллими мактаби миёнаи №1 ш. Ленинобод, 1969–1970 муаллими мактаби миёнаи №53 ш. Душанбе, 1970–1992 муаллими калони кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко, 1983–1984 аспиранти ҳамин донишкада буд. Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров кор мекунад. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.