Jump to content

Мадаминбек

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мадаминбек
Зодрӯз 1893
Таърихи даргузашт 20 май 1920(1920-05-20)

Мадаминбек (ӯзбекӣ: Muhammad Amin, Madaminbek, форсӣ: مدمنبيکМуҳаммад Амин Аҳмадбек, 1893 (тибқи дигар маълумот — 1882), вилояти Фарғона — 1920) — қурбошии босмачиёни водии Фарғона.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи савдогар. Барои куштани зане ба муддати 14 сол бадарға карда шуд. Баъди аз бадарға гаштан (1917) комиссари ҳарбии вилояти Фарғона, сардори Ҳукумати муваққатии Фарғона, сардори шуъбаи милисияи шаҳри Марғелон. Тобистони соли 1918 ба Ҳокимияти Советӣ хиёнат карда, бо отряди милисия ба тарафи босмачиён гузашт.

Дар водии Фарғона худро ҳомии дини ислом эълон карда, одамони мутаассиб ва ҳурофотпарастро дар атрофаш ҷамъ намуд. Дастаи Мадаминбек ба дастаҳои кулакҳо ва Эргашқурбошӣ ҳамроҳ шуда, бо дастгирии империалистони англис ва сафедгвардиячиёни рус бар зидди Ҳокимияти Советӣ мубориза бурд.

Мадаминбек ба халқ хиёнат намуда, ба хукумати Англия муроҷиат кард, ки Туркистонро зери ҳимояи худ гирад. Мадаминбек ба Ҳокимияти Советӣ хайрхоҳ будани атрофиёнашро пай бурда, пас аз музокираи якмоҳа бо раиси Комитети революционии Фарғона Н. Хӯҷаев ва командири бригада Э. Кужело 5 марти 1920 бо 500 нафар ба тарафи Ҳокимияти Советӣ гузашт. Дере нагузашта аз тарафи Қӯришермат кушта шуд.

  • Полыковский М. И. «Конец Мадамин-бека (Записки о гражданской войне)» — Ташкент, 1966,
  • Калмыков С. «Коран и маузер» — Ташкент, 1968,
  • Абдуллаханов Д. М. Тарки дунё. — Ташкент: «Узбекистон», 2009.