Босмачиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҷанги босмачиҳо бар зидди ҳокимияти шӯравӣ
Даргирии асосӣ: Ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия
Fires in Bukhara 1920.jpg
Бухоро таҳти муҳосира ва бомбборони сарбозони Артиши Сурх, 1 сентябр 1920
Макон

Весь Западный Туркестан, прилегающие к России/СССР территории Восточного Туркестана, Афғонистона и Персии

Сабаб

установление советской власти в Среднеазиатском регионе

Натиҷа

Ликвидация басмаческого движения

Тарафҳои даргир

 ҶШФСР ҶШФСР (1918—1922):

Парчами Арманистон Дашнакцутюн (1918—1919)[1]
Парчами ҶХШБ ҶХШБ (1920—1924)
 {{{name}}} ҶХШ Хоразм (1920—1924)
Парчами сурх Отряды самообороны дехкан (1920)
 Иттиҳоди Шӯравӣ (1922—1942)


Парчами Русия Крестьянская армия Ферганы (1918—1919)
 Ҷумҳурии Чин[2]
 Эрон Персия (1928—1929)[3]
 Афғонистон Афғонистон Королевство Афғонистон (1928—1930)[4]

Bandera del Turquestan.svg Басмаческое движение:

Шаблон:Country data Хонии Хева Хонии Хева (1918—1920)
Flag of the Alash Autonomy.svg Алаш-Орда (1918—1920)
Парчами Русия Закаспийское временное правительство (1918—1920)
Парчами Русия Белое движение (1918—1920):

Пачами Хонигарии Бухоро Бухарский эмират (1920)


 Бритониёи Кабир Британская империя (1918—1920)[6]
 Афғонистон Эмират Афғонистон (1929)[7]

Фармондеҳон ва роҳбарон
Қувваҳои тарафайн

От 120 000 до 160 000 человек (1920)

Более 30 000 человек (1920)
Около 20 000 человек (1924)
От 1500 до 3000 человек (1931)
От 200 до 300 человек (1936)
Менее 100 человек (1938)
От 20 до 40 человек (1938 — 1942)

Потери

По советским данным (1918 — 1942), в т. ч. мирные жители:
1918 — 1922

516 погибших,
926 раненых

1922 — 1925

689 погибших,
719 раненых

1925 — 1930

342 погибших,
522 раненых

1930 — 1938

76 погибших,
138 раненых,

1938 — 1942

12 погибших,
27 раненых

Итого:

1635 погибших,
2332 раненых[11]

10 000 — 12 000 погибших, более 10 000 пленных,
сложивших оружие и перешедших границу

Босмачигӣ (аз туркӣ босмоқ — зер карда гирифтан, пахш кардан) — унвони ҳаракати муташаккилу мусаллаҳо­наи аксулинқилобии халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили ҳокимияти шӯроҳо дар солҳои 19181935.

Босмачиён худро муҷоҳид (ҷиҳодкунанда) меномиданд. Ҳокимияти Шӯравӣ ин муҷоҳидонро ба гордиёни сафеди Руссия монанд дониста, бо забони ма­ҳаллиёни ҶМШС Туркистон онҳоро бо калимаи «босмоқ­чӣ» ба маънои ғоратгар, то­роҷ­гар, яъне, чун тороҷ­га­рон, ғоратгарон, зеркунандагон, пахшкунандагон ном­гузорӣ карда буданд, ки баъдан дар таърихнигорӣ исти­лоҳи собит шуд. Бино ба тар­киби гуногуни ин ҳаракат ва аҳдо­фи мухталифи ширкаткунан­дагони он вобаста ба хост­го­ҳи иҷтмоиашон ва бо мақса­ди умумии нест кардани душ­ман дар як ҷабҳа мутта­ҳид шуда, ҷангидан ба муқо­били Шӯроҳо бо гузашти камтар аз як аср изҳори назар ва дидгоҳҳои гуногун дар байни олимону муаррихон ро­ҷеъ ба сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои фарҳангию сиё­сӣ, муваффақиятҳои нахустин ва шикасти ниҳоии Б. ва арзёбии хусусиятҳои ин ҳаракат ба вуҷуд омадааст. Аз рӯи ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавиию мазҳабии сарони гурӯҳҳои мухолиф (Шӯравию босмачигӣ) метавон ҳақиқати ин ҳаракатро дар маҷмӯъ дарёфт. Яъне ба Б. на аз рӯи иштирокашон дар ҳаракати зиддишӯравӣ, балки аз рӯи мақсадҳои зоҳирию ботинии сарваронашон баҳо додан зарур аст. Босмачигарӣ ҳамчун ҳаракати зид­дишӯра­вӣ дар Тоҷикистон се марҳаларо тай намудааст: ноябри соли 1917 — июни соли 1918; июли соли 1918 — октябри со­ли 1923; ноябри соли 1923 — соли 1935.

Таърих[вироиш]

Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна қувваҳои аксулинқилобӣ барои ҷудо кардани ҷумҳуриҳои мазкур аз Русияи Шӯравӣ ва барқарор намудани ҳокимияти миллию таъмини озодии мазҳабӣ ба ҷамъ кардани муҷоҳидон ба дастаҳои Б. пардохтанд. Б.- ро амалан Эргашу Мадаминбек дар водии Фарғона ва Иброҳимбеку Анвар дар Бухорои Шарқӣ ба вуҷуд оварда буданд ва дар авҷи ҳаракати Б. (солҳои 1919-22) онҳо роҳбарии тамоми умурро дар даст доштанд. Вале роҳба­рони бевосита ва ҳақиқии Б. ташкилотҳои аксулинқи­лобию мазҳабии созмондодашуда ба номҳои «Шӯрои ис­ломӣ», «Шӯрои уламо», «Алаш» ва «Урҷа» буданд. Ба онҳо мудохилагарони Англияву Амрико, гурӯҳҳое аз Туркия, Хитой, Афғонистон ва диг. давлатҳо роҳбарӣ ва барояшон кумакҳои молию низомӣ мекарданд. Мас., дар ташкил ва мусаллаҳгардонии дастаҳои босмачиён баҳори соли 1918 намояндагони низомии давлатҳои хориҷа — роҳбари миссияи ҳарбию дипломатии Англия Ф. Бейли, консули амрикоӣ дар Тошканд Р. Тредуэлл, консули фа­рон­савӣ Костанйе дар омӯзиши дастаҳои Б. афсарони Анг­лияву Туркия ва гордиёни сафеди Рус ширкат карда буданд.

Соли 1918 водии Фарғона майдони асосии ҳаракати Б. гардид. Аввалин дастаҳои Б. охири со­ли 1917 бо сардории Эргаш дар Қӯқанд фаъолият намуданд. Баҳори соли 1918 босмачиён фаъолияти худро пур­зӯр намуда, ба ноҳияи Ӯш (Ош) ҳуҷум карданд. Солҳои 1918-21 даста­ҳои босмачиёни Мадаминбек, Кӯ­ри Шермат ва Раҳмон­қул-қӯрбошӣ ба водии Фарғона ҳуҷум карда, Ӯшу Ҷа­лолободро ба даст дароварданд. Ме­гӯянд, ки ин фаъолияти босмачиён бо ташкили «Ҳу­ку­мати мувақ­қатии Фар­ғона» анҷомид. Апрели 1921 дар Фар­ғона баъди ғалабаи ҳокимияти маҳаллии шӯроҳо бо кумаки артиши русҳо 7 ҳазор, дар Бухоро низ ҳамин миқ­дор ва дар Хева ҳудуди ҳазор нафар босмачӣ боқӣ монда буд. Октябри1921 вазири ҳарбии Туркия Анвар-пошо ба Бухоро омада, мардуми муътақид ба дини исломро ба «Ит­ти­ҳоди ҷамъиятҳои инқилобии мардуми мусулмони Осиёи Миёна» даъват кард. Ба ӯ муяссар шуд, ки дастаҳои парокандаи босмачиёнро бо ҳам муттаҳид ва артиши 16 ҳазор­нафариро таш­кил диҳад.

Баҳори 1922 ҳамин гурӯҳи муташаккил Бухорои Шар­қиро забт кард. Ин мавҷи ҳаракат то ш. Хева густариш пайдо кард. Баъзе аз намояндагони ҳокимияти Шӯ­ро­ҳо бо Б. ҳамкорӣ ва мусоидат карданд. Вале мудофеон тавассути гурӯҳҳои дифоъкунандаи деҳқонон, милитсияи ихтиёрӣ ва бо ёрии Артиши Сурх Ҷумҳурии Бухороро аз босмачиён озод карданд. Солҳои 1921-23 дастаҳои босмачиёни Ҳамроқул-қӯрбошӣ дар водии Зарафшон, Ла­ҳад-Махсум дар волости Қистакӯз, Холбута волости Ӯротеппа, дастаҳои босмачиёни Иброҳимбек, Эшони Сул­тон, Фузайл Махсум, Раҳмондодхоҳ дар Бухорои Шарқӣ ба муқобили Ҳокимияти Шӯроҳо пайваста мубориза мебурданд. Моҳҳои июн-июли 1922 ба босмачиён дар аксари ҷабҳаҳо зарбаи қатъӣ зада шуд. Баробари шурӯъ шудани ҳаракати Б. устод С. Айнӣ ду мақола таҳ­ти унвони «Босмачиёни Фарғона кистанд?» ва «Бо босмачиёни Фарғона чӣ гуна мубориза бояд бурд?» дар саҳи­фа­ҳои рӯзномаи тозаташкили «Шуълаи инқилоб» (21 август ва 1 сентябри 1921) чоп карда, моҳия­ту ҳадаф­ҳои разилонаи ин ҳа­ракатро дар оғози пайдоишаш муайян ва бо Б. чӣ гуна мубориза бурданро қайд намуд.

Воқеан ҳам барои мубориза бо Б. мардуми ҷумҳурӣ гурӯҳ­ҳои ихтиёрӣ ташкил карда, ҳам­роҳ бо гурӯҳҳои тозаи милитсия ва бригадаҳои савораи дав­латӣ муборизаро ба муқобили босмачиён шиддат доданд. Душанбе аз босмачиён озод шуд. Анвар-пошо, ки ҳа­ракати Б.-ро дар Бухорои Шар­қӣ низ роҳ­барӣ мекард, дар яке аз дар­гириҳо дар Балҷувон кушта шуд. Миқдоре аз босмачиён баъди шикаст хӯрдан ба Афғонистону Хитой ва Эрон паноҳ бурданд. Мубориза ба му­қобили Иброҳим­бек, ки дас­турҳои амири собиқ ва мулозимонашро ба амал мебаровард, аввал­ҳои соли 1925 шурӯъ шуд. Кумитаи инқило­бии ҶМШС Тоҷ. ба босмачиён ва сардорони онҳо барои бас кардани муборизаи мусалла­ҳона муроҷи­ат­­нома қа­бул кард ва дар навбати худ муборизаро ба муқо­били онҳо вусъат бахшид. Аз ҷумла, ҳамаи қувваву восита­ҳои мавҷудаи корпуси 13 тирандоз вобаста карда шуд. Дар соҳили чапи д. Вахш бригадаи савораи 6 бо марказаш дар Кӯлоб мустақар гардид. Дар Лақай ва но­ҳияи Қа­ро­тегин дивизияи 3-юми тирандоз бо марказаш дар Ҳисор ва бригадаи савораи 8-ум бо марказаш дар Ҷилликули вилояти Қурғонтеппа амал мекард. Дар Кӯлоб бо сардории А. Ёрмуҳаммадову Ш. Шотемур гурӯҳҳои ихтиёрии нав ташкил гардиданд. Дар марҳалаи дуввуми мубориза бо босмачиён, ки хусусияти ҳамоҳангкунии қувваҳоро дошт, Ч. Имомов, Б. Б. Толпиго, Лепин ва дигар иштирок намуданд. Баъди баромадани муроҷиатнома бисёр босмачиёну қӯрбошиён ихтиёран таслим мешуданд. 23 июни 1931 Иброҳимбек ҳангоми гузаштан аз д. Кофарниҳон дар деҳаи Хоҷа­бул­булон дастгир шуд.

Солҳои 1929-30 босмачиён аз хориҷ ба ҳудуди Осиёи Миёна зада даромаданд, вале пеши роҳи онҳо гирифта шуд. Босмачиён тарғибгарони аҳолиро ба тарафи худ мекашиданд ва дар сурати муқобилат аз онҳо интиқом мегирифтанд. Дар мубориза ба муқобили босмачиён ва торумор намудани онҳо сарлашкарони Артиши Сурх С. С Каменев, С. М. Будённий, Н. Ф. Федко ва дигарон, ҳам­чунин А. Раҳимбоев, Ҷ. Зокиров, Ҳ. Усмонов, Муқим Сул­тон, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Бобохон Ҳамдамов ва дигарон фаъол буданд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Нурани. Кровавый след дашнаков в Туркестане & Шухрат Барлас. Дашнаки в Туркестане
  2. Войска Гоминьдана участвовали в боевых действиях против басмачей только на территории провинции Синьцзян.
  3. Персидские войска участвовали в боевых действиях против Джунаид-хана и его басмачей только на территории Персии.
  4. Афганцы участвовали в боевых действиях против басмачей только на севере Афғонистона (см. Афганский поход Красной Армии (1929), Афганский поход Красной Армии (1930)).
  5. В союзе с Мадамин-беком и его басмачами. В январе 1920 года вела боевые действия и против басмачей и против Красной армии.
  6. Осуществляла интервенцию и поставляла оружие контрреволюционным силам (Английская интервенция в Средней Азии).
  7. Сторонники Хабибуллы участвовали в боевых действиях в союзе с басмачами только на севере Афғонистона (см. Афганский поход Красной Армии (1929)).
  8. В 1922 году вёл оборонительные действия против Ибрагим-бека и его басмачей.
  9. В 1922 году вёл наступательные действия против Энвера-паши и его басмачей.
  10. В марте 1920 года со своими басмачами переходит на сторону Красной армии.
  11. Борьба с басмачами в Средней Азии

Адабиёт[вироиш]

  • Гражданская война. Т. 3. (материалы по истории ферганского басмачества и боевых операций в Бухаре). М., 1924;
  • Бахрушин С. В. История народов Узбекистана. Ташкент. 1947;
  • Айни С. Бухара. Вспоминания. Сталинабад. 1954;
  • В боях за советскую власть в Ферганском долине. Ташкент. 1957;
  • Иркаев М. История гражданской войны в Таджикистане. Д., 1963;
  • Бартолд В. В. Коканд: Соч. Т. 3. М., 1965; История Бухарской и Хорезмской советских республик. М. 1971;
  • Поляков Ю. А., Чугунов А. И. Конец басмачества. М., 1976;
  • Иноятов Х. Ш. Победа советской власти в Туркестане. М., 1978;
  • Шумов С. А., Андреев А. Р. Басмачество. М., 2005.

Пайвандҳо[вироиш]