Jump to content

Мадрасаи Абдуллоҳхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Манора дар Навгилем

МАДРАСАИ АБДУЛЛОХОН, ёдгории меъморӣ дар Бухоро. Дар аҳди Абдуллохони II солҳои 15881590 бино ёфтааст. Рӯ ба рӯи Мадрасаи Модари Хон вокеъ аст. Сохтмонаш аз дигар мадрасаҳои анъанавӣ тафовут дорад. Атрофи ҳавлиро ҳуҷраҳо иҳота намудаанд. Ду пештоқ дошта, пештоқи калони он, ки рӯ ба ҷануб аст, кошикорӣ шудааст. Дарсхонаву масчид асоси мадрасаро ташкил дода, дар атроф хонакоху иморатҳои дигари гуногунҳаҷм ҷой гирифтаанд. Ду тарафи пештоқ ва гулдастаҳо хеле хуб оро ёфтаанд. Дар сохтмони ёдгорӣ пӯшишҳои мураккаби гунбазиро ба кор бурдаанд. Дарвозааш бо усули «гиреҳ» кандакорӣ шудааст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.