Jump to content

Мадрасаи Кӯкалтош (Бухоро)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Мадрасаи Кӯкалтош (Бухоро)
Кишвар
Макон Бухоро
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мадрасаи Кӯкалтош — ёдгории меъмории асри XVI дар Бухоро. Аз бузургтарин мадрасаҳои дуқабатаи Бухорост. Солҳои 1568—1969 таҳти раёсати яке аз мансабдорони дарбори Абдуллоҳхон — Қулбобои Кӯкалтошӣ сохта шудааст. Шакли боҳашаму ороишоти пурдабдаба дорад. Бандубасташ мураккаб ва мукаммал аст. Мадрасаи Кӯкалтош дорои 160 ҳуҷра, дарсхонаву масҷид ва даҳлези барҳавост. Намои асосии мадраса анъанавӣ буда, даромадгоҳаш бо пештоқи бузург, ду гӯшааш бо гулдастаҳо оро ёфтааст. Дар ду паҳлӯи пештоқ дарсхона ва масҷид ҷойгиранд.

Дар ҳалли сохтани намоҳои дигар бинокорони мадрасаи Кӯкалтош аз услуби анъанавӣ берун рафтаанд. Агар дар мадрасаҳои оддӣ ғайр аз намои асосӣ се тарафи дигар девори яклухти маҳкам дошта бошад, дар ин ҷо қатори ҳуҷраҳо бо дариҷаҳои панҷараашон гулгаҷ (табақаи якум) ва пешайвонҳои равоқбандӣ (табақаи дуюм) рӯ ба кӯча нигаронида шудаанд, ки ин шукӯҳи мадрасаро афзуда, аз ҷустуҷӯҳои навоваронаи меъморони он давр шаҳодат медиҳад. Тарроҳии дохили мадрасаи Кӯкалтош низ хеле назаррабо буда, махсусан гаҷкориву гулнақшҳои сақфи даҳлез ва дарсхонаву масҷид намунаи нодири ороиши меъморианд. Нақшҳо бо усули «ислимӣ» ва «гиреҳ» иҷро гардидаанд. Дарҳои мадрасаи Кӯкалтош намунаи олии санъати кандакорӣ дар рӯи чӯб аст.

Дар тарафи муқобили даромадгоҳи асосӣ айвони равоқбандӣ воқеъ аст, ки деворҳои он кошикорӣ шудаанд. Мадрасаи Кӯкалтош дар давраи шӯравӣ таъмиру тармим гардида, шакли аввалиаш барқаpop карда шудааст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Мадрасаи Кӯкалтош // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
  • Шишкин В. А., Архитектурные памятники Бухары, Ташкент, ЮЛА;
  • Пугаченкова Г, А., Самарканд, Бухара, М., 1961.