Мадрасаи Ойим
Мадрасаи Ойим — ёдгории таърихии меъмории чаҳоряки якуми асри XIX. Дар сари роҳи қадими деҳаи Патари ноҳияи Конибодом воқеъ аст. Солҳои 1824 – 1825 сохта шудааст. Шогирди ин мадраса Қоринасиби Ҷамол таърихи 1825 сохта шудани онро тасдиқ намуда буд. Ин мадрасаро домулло Мир Олим ном донишманде сохта, ба номи духтараш Бибиойим гузоштааст. Дарозии мадраса дар қисми шимолӣ – 36,5м, дар қисми Ғарбӣ – 35м, сатҳи дохили он 17Х20,5м. Мадраса аз 25 ҳуҷра иборат буда, ҳаҷми ҳар яке аз он 2,4Х3м аст. Аз рӯи маълумотҳо дар ин мадраса 200 нафар толибилмон таҳсил мекарданд. Дар мадраса 4 мударрис, 1 мутаваллӣ, 2 имом, 1 сӯфӣ, 1 посбон ва 1 сартарош кор мекарданд. Соли 1891 аз рӯи фармони губернатор Наливкин Камолхоҷа-домулло мударриси ин мадраса таъйин гардида буд. Баъди вафоти ӯ ба ин вазифа Мулло Бобохоҷа Бузургхоҷаев таъйин гардид. Солҳо ба сифати мударрис Охунҷон Махдум ва Мулло ирвалӣ кор кардаанд. Замини деҳаи Яккатераки ҷамоати Патар вақфи мадраса ба ҳисоб рафта, даомади он дар бонки шаҳри Қӯқанд нигоҳ дошта мешуд. Бинои ин мадраса баъди Инқилоби Октябр ба истифодаи артели ҳунармандӣ, солҳои 1941 – 1970 ба ихтиёри маҳбас (колонияи ислоҳотӣ) дода шуд. Сипас бинои фарсудаи мадраса дар доираи чорабиниҳои Ҳукумати Конибодом доир ба омодагӣ ба ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён аз нав сохта ба истифода супурда шуд.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.