Мазори «Бибисангин»
Зоҳир
Мазори «Бибисангин» - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Мазори «Бибисангин» дар қисмати шимоли деҳаи Турушбоғ, дар лаби дарёи Чангоб (Хонақоҳ) воқеъ аст. Аз рӯи ривоят зане кӯдаконро табобат мекард, ӯро бо эҳтиром Бибӣ мегуфтанд. Пас аз вафоташ дар назди санги калони деҳа дафн карданд. Дар қисмати ҷануби ин мазор «Гӯри Амон» ном мазоре ҳаст. Амон ном шахс аз дасти ғоратгарон кушта шудааст. Дар ҳамин деҳа чашмае ҳаст, ки «Чашмаи мазори боло» мегӯянд. Чашмамазор хусусияти шифобахшӣ дорад. Гулҳои наргиси ин ҷо гирду атрофро муаттар мегардонанд..[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.
Пайнавиштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |