Jump to content

Майкоп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Майкоп
адигеӣ Мыекъуапэ
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1857[1]
Аввалин номбарӣ 1825
Масоҳат
  • 308 км²
Баландии марказ 220 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ русӣ ва Adyghe[d]
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 343
Нишонаи почта 385000
maikop.ru(рус.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Майкоп (адиг. Мыекъуапэ – водии себзор ё водии себзори саҳроӣ) — шаҳр дар Руссия, пойтахти Ҷумҳурии Адигей.

Мавқеъи ҷуғрофиёӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Масоҳаташ 69,64 км2. Аҳолияш 139,7 ҳазор нафар (2023). Дар соҳили рости дарёи Белая (шохоби дарёи Кубан) воқеъ аст. Истгоҳи р. о., шоҳроҳи автомобилгард ва фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.

Шаҳр майи 1857 бунёд ёфтаст.  Аз солҳои 1869–70 шаҳр; аз соли 1991 пойтахти Ҷумҳурии Адигей. Январи 1918 дар М. ҳокимияти шӯро барпо шуд. Дар замони Ҷанги шаҳрвандӣ (1917–22) М. дар тасарруфи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷануби Руссия буд. Марти 1920 аз ҷониби аскарони сурх озод гардид. Солҳои 1920–24 дар қисми ҳудуди марказии вилояти Кубану  Баҳри Сиёҳ,  1924–36 дар ҳайати ҳудуди маъмурии кишвари Қафқози Шимолӣ, 1936–91 маркази Вилояти Мухтори Адигей дар ҳайати кишвари Азову Баҳри Сиёҳ (Черноморск),  1937–91 кишвари Красноярск буд.  Дар давраи ҶБВ аз 9.8.1942 то 29.1.1943 сипоҳиёни Олмон шаҳрро ишғол карда, ба он зарари калон расонданд.

Илм ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳр маркази асосии илму фарҳанги Ҷумҳурии Адигей буда, дар он аз муассисаҳои илмиву фарҳангӣ – Институти ҷумҳуриявии таҳқиқоти ҳуманитарии ба номи Т. М. Карашев, Институти таҳқиқоти улуми кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Руссия, Пойгоҳи таҷрибавии умумируссиягии Институти таҳқиқоти илми рустанипарварии ба номи Н. И. Вавилов (1930), Донишгоҳи давлатии Адигей (1993), Донишгоҳи давлатии технологии Майкоп (1993), Донишкадаи фарҳанг (1997), 8 филиали мактабҳои олии Руссия, Китобхонаи Миллӣ (1895), 3 китобхонаи ҷумҳуриявӣ, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Адигей (1925), нигористон, филиали Осорхонаи давлатии фарҳанги мардумони Шарқ, Театри драмаи русии ба номи А. С. Пушкин (1936), Театри драмаи Адигей (1937), Театри мусиқии камеравии Адигей ба номи А. А. Ханаху (1993), Филармонияи давлатӣ (1971) ва ғайра фаъолият доранд.

Соҳаҳои асосии саноат – хӯрокӣ (коргоҳҳои гӯшту шир, корхонаҳои консерв, майкашӣ, равғанкашӣ), мошинсозӣ, трансформатор, мебел, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ), корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ,  дастгоҳҳои филиззӣ, коғаз, чӯбу тахта, таҷҳизоти муассисаҳои алоқа. Дар Майкоп ҳамчунин коргоҳҳои саноати сабук – нассоҷӣ, тавлиди арғамчин, дӯзандагӣ, пойафзор ва ғ. тараққӣ кардааст.