Jump to content

Мактабии Шерозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мактабии Шерозӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1510[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Мактабии Шерозӣ (форсӣ: مکتبی شیرازی‎; Шероз1510[1], Эрон) — шоир, нависанда, мусиқидон ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактабии Шерозӣ дар каряи Масҷиди Бардии наздики Шероз ба дунё омада, аз пешаи мактабдорӣ касби маош мекардааст. Инчунин ӯ аз илмҳои гуногуни замони худ огоҳ буда, мусиқӣ неку медонистаст ва мисли қонун созеро ихтироъ ҳам карда будааст. Вай пештар аз соли 895/1490 бо роҳи баҳр ба Макаву Мадина сафаре карда будааст. Соли таваллуд ва номи ӯ маълум нест. Дар манбаъҳои таърихӣ-адабӣ ӯро чун Мавлоно (ё Мулло) Мактабии Шерозӣ ёд мекунанд. Мактабй соли 911/1505 ё баъдтар аз он дар зобгохаш фавтидааст. Аз мероси адабии Мактабӣ достони «Лайлӣ ва Маҷнун» боқист, ки соли 895/1490 таълиф ёфтааст. Мегуянд, ки дар вақташ ӯ девон ҳам доштааст. Баъзеҳо маснавии «Каламоти Алияи гарро» -ро хам ба ӯ нисбат медиханд.

Аз «Лайлӣ ва Маҷнун»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Достони «Лайлӣ ва Мачнун» -и Мактабй аз 46 боб иборат буда, 2160 байтро дар бар мегирад. Аз он нух боби аввал ва ду боби охир, ки 340 байт аст, ба мазмуни достон дахл надорад. Шаш боби огози достон хамду наът, алкоби чахор ёр, меъроч, санои пири шоир Чалолиддин, мадхи хокими давр- Шахкосим ибнои Шох Мансурро, ки достон ба ӯ бахшида шудааст, ,дар бар мегирад.

Дидани қосиди Лайли Маҷнунро

[вироиш | вироиши манбаъ]
Чун зери нигини лаъли хуршед
Шаб гашт нихон чу мухри Чамшед.
Чун номаи шаб сиёҳчома,
Хуршед чу мури пушти нома.
Хуршед давоти зари шоҳӣ,
Шаб чун ба давоти шаб сиёҳи.
Аз фитнаи осмон замин раст,
К-ин дида кушоду он фуру баст.
Мачнун чу ба рӯзи хашр мурда,
Аз баҳри азоб зинда карда ,
Буд он сахар аз замона хушхол,
К-аз мусҳафи шаб бигӯядаш фол.
Аз хоби шабона чашм дар роҳ,
Мекард тааммуле, ки ногоҳ,
Бинмуд шутурсаворе аз дур,
Чун бар сари кӯҳ пораи нур.
Маҷнун зи шамидани насимаш,
Ду нима дил аз умеду бимаш,
Тарсид, ки он қади шаҷарвор,
Хори хабари бад оварад бор.
Бигрехт чу оҳу аз ҷафояш,
Чун саг даду дом дар қафояш.
Чун дид шутурсавораш аз дур,
Бар мурда фиғон кашид чун сур.
К-аз ман магурез, к-ошноям,
Пеши ту зи назди Лайлӣ оям,
Маҷнун зи ҳадиси он накӯкеш,
Боз омад аз он раҳаш давон пеш.
Гуфт: «Эй шутурат ниҳода ҳар ҷо
Бар ҳар ду саводи дидаам ҷо.
Эй гарди ғамозаат ба ҷоям,
Деворкаши тарабсароям.
Такрор кун он сухан, ки гуфтӣ
К-оташ ба дам аз дилам наруфтӣ».
Соҳибхабар аз шутур фурӯ ҷаст,
Бигрифт ба дастгириаш даст.
К-эй оташи ишқро ҳарорат,
Вайронии ақлро иморат.
Эй гардани ҳар даранда аз шавқ,
Аз ҳалқаи хидмати ту дар тавқ.
Сӯйи ту паёми ёр дорам,
Гар гӯш ба ман кунӣ, гузорам.
Маҷнун шуда чархзан дар он дашт,
Гирди худу гирди ӯ ҳамегашт.