Мактабҳои динӣ
Мактабҳои динӣ — раёсатҳои динӣ ва инчунин масҷидҳои ҷомеъ мувофиқи оинномаҳои (низомномаҳои) худ ҳуқуқ доранд, ки барои таълими рӯҳониён ва дигар ходимони ихтисосҳои динии барояшон зарур мактабҳои динӣ кушоянд. Мувофиқи моддаи 11 Қонуни ҶТ «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» аз 4 декабри соли 1994 мактабҳои динӣ дар асоси оинномаҳои (низомномаҳои) худ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шудаанд, амал мекунанд. Шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои рӯзонаи олӣ ва миёнаи динӣ таҳсил мекунанд, мувофиқи тартибе, ки барои талабагони донишгоҳҳои давлатӣ муқаррар гардидааст, аз ҳуқуқу имтиёзҳои муваққатан монондан, ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбӣ, андозбандӣ ва ба собиқаи кор дохил шудани давраи таҳсил истифода мебаранд. Барнома ва нақшаҳои таълимии мактабҳои олӣ ва миёнаи динӣ ба сатҳи ҳамин гуна маълумот мувофиқат дошта, ба қонунҳои ҶТ дар бораи маълумоти умумӣ бояд мухолиф набошанд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 270
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |