Малеҳои Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Малеҳои Самарқандӣ
Таърихи таваллуд: 1641
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1692
Навъи фаъолият: нависанда, шоир

Муҳаммадбадеъ ибни Муҳаммадшариф Малеҳои Самарқандӣ (форсӣ: محمد بدیع بن محمد شریف ملیحای سمرقندی‎; 1641, Самарқанд1692) — шоир ва тазкиранависи маъруфи тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ соли 1641 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Падари ӯ аз шахсони соҳибмаърифат ва муътабари Самарқанд буда, дар мадрасаҳои ин шаҳр дарс мегуфт ва ба шеъру шоирӣ муҳаббати фаровон дошт. Малеҳо дар назди падараш ба шеъргӯйӣ оғоз кард. Ӯ то синни 30 солагӣ асосан бо роҳбарии падараш ба омӯхтани илмҳо машғул буд. Донишомӯзиро вай аз омӯхтани забони арабӣ ва илоҳиёт, аз қабили фиқҳ, тафсир ва ғайра оғоз менамояд. Соли 1678 баъд аз вафоти падар Малеҳо ба сафари Хуросон ва Эрон баромада, бо аҳли адаби ин сарзаминҳо мулоқот мекунад.

Баъди бозгашт аз Эрон Малеҳо дар қозихона ба кор даромада, мударриси мадрасаи Шайбонихон низ таъйин мегардад.

Эҷод[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ дар баробари адои вазифаи шаръӣ, ба шеъргӯйӣ ва такмили тазкираи худ машғул шуд. Малеҳо тазкираи худро «Музаккиру-л-асҳоб» номидааст. Аз ҷумлаи 165 шоире, ки дар ин тазкира зикр шудаанд, 56 нафарро шоирони Эрон ташкил мекунанд, ки муаллиф бо онҳо шахсан вохӯрда, ҳамсуҳбат шудааст. Намунаҳои дар тазкираи Малеҳо омадаи осори шоирони асри XVII барои муайян кардани хусусиятҳои равнақи адабии ин давр аҳамияти бузург доранд.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Малеҳо аввалҳои асри XVIII вафот кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Муҳаммадбадеъ ибни Муҳаммадшариф Малеҳои Самарқандӣ. Музаккир-ул-асҳоб. Таҳияи К. Айнӣ, Душанбе, 1385 ҳ.ш., саҳ. 506.