Jump to content

Музаккиру-л-асҳоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Музаккиру-л-асҳоб» — тазкира, таълифи Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ. Дар байни солҳои 1688—1692 навишта шудаасг.

Дар муқаддимаи баъзе аз нусхаҳои «Музаккиру-л-асҳоб» муаллиф қайд кардааст, ки асарро то соли 1700 такмил ва тасҳеҳу таҳрир намудааст. Дар «Музаккиру-л-асҳоб» оид ба 203 шоири Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эрони Ғарбӣ маълумот дода шудааст. Дар оғози «Музаккиру-л-асҳоб» номгӯи шоироне омадааст, ки шарҳи ҳолашон дар асар сабт гардидааст. «Музаккиру-л-асҳоб» аз ду қисм (асосӣ ва иловагӣ) иборат аст. Қисми асосӣ шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 166 ва қисми иловагӣ 37 шоирро дар бар мегирад. Тазкираи Малеҳо аз ҷиҳати тарзи маълумотдиҳӣ аз бисёр тазкираву манбаъҳои ада­бӣ фарқ мекунад. Малеҳо аз зиндагӣ, тарҷумаи ҳол, касбу кор, обрӯ ва эътибори шоирон, муносибатҳои байниякдигарии онон, соҳибдевон будан ё набуданашон ва ғайра то ҳадди имкон пурра ва мукаммал маълумот дода. аз ашъорашон намуна овардааст. Малеҳо, ки худ аз доираи ҳунармандон буд, бештар ба эҷодиёти адибони ин доира диққат додааст. Маълумоти «Музаккиру-л-асҳоб» нисбат ба тазкираҳои дигар эътимоднок мебошанд. Муаллиф асосан оид ба он шоироне маълумот додааст, ки бо онҳо ҳамсӯҳбат шудааст. Инчунин барои чамъоварии санаду маълумот ба якчанд шаҳру кишварҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрони Faрбӣ сафар кардааст. Ба ҳамин тариқ, «Музаккиру-л-асҳоб» барои омӯхтани ҷараёни адабии асри 17-и Moвapoуннаҳру Хуросон ва давран Сафавиёни Эрон аҳамияти ка­лон дорад. «Музаккиру-л-асҳоб» то замони мо дар шакли дастнавис расидааст, ки 8 нусхаи он дар китобхонаҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР мавҷуд аст. Дар китобхонаҳон мамлакатҳои хориҷӣ нусхае аз «Музаккиру-л-асҳоб» пайдо нашудааст.

  • Музаккиру-л-асҳоб / 3. Ҳасанова // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
  • Мирзоев А., Сайидо и его место в истории таджикской литерату­ры, Сталинабад, 1954;
  • Мирзоев А., Боз як аҳамияти муҳимми тазкираи Малеҳо, журнали «Садом Шарқ». 1961. № 7.