Томирис
|
|
Таваллуд |
асри VI то м. |
Даргузашт |
асри VI то м. |
Фарзандон | Спаргапис |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Шоҳбону Томирис (юн. Τόμυρίς), Таҳмурайиш (порсии бостон: Tahm-Rayiš[1] аз эронии бостон: Tahmirih — «далер»[2]; тахминан солҳои 570—520 пеш аз милод) — шаҳбонуи[3][4] эронӣ, фармонравои қавми массагет – қабилаҳои эронитабори сакоӣ. Вай дар набард лашкари подшоҳи Ҳахоманишиён Куруши Бузургро шикаст додааст.
Порчае аз китоби Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Китоби I
[вироиш | вироиши манбаъ]Нияти Куруши Кабир
[вироиш | вироиши манбаъ]Куруши Кабир-ро вазъияти сарҳади шимолу шарқии давлат, яъне Осиёи Миёна, доимо ба ташвиш андохта, ба сафари Миср монеъ мешуд. Ниҳоят ӯ дубора ба сӯи Осиёи Миёна ҳаракат кард, то хавфи ақибгоҳи худро бартараф намояд. Куруш дар пайи торумор кардани бодиянишинони муқтадири Осиёи Миёна худ ба набарди зидди онҳо рафт. Он вақт ҳукмрони сакоиҳо (масагетҳо — юнонӣ) Малика Томирис буд. Вай бо вуҷуди зан буданаш, бар хилофи чашмдошт, аз ҳамлаи душман наҳаросид. Дар тафсилоти Трог-Юстин, дар ибтидо писари Томирис кушта шуда будааст.
Аз тафсилоти Трог-Юстин
[вироиш | вироиши манбаъ]Куруш баъди ҳуҷуми сакоиҳо гуё фирор намуд. Писари Томирис ва сарбозонаш аз ғалабаи аввалин рӯҳбаланд шуданд. Ҷавони кори ҳарбро наозмуда, ҳамин ки қадам ба ӯрдугоҳи душман ниҳод, худро на дар майдони разм, балки дар саҳни базм дарёфт, душманро фаромӯш кард ва гузошт, ки сарбозони барбарии шаробнадида аз май масти лояъқил шаванд. Чун Куруш аз ин ҳол воқиф шуд, шабонгаҳ пас гашт ва ин сарбозони масти афтода ва оxизу нотавонро ҳамроҳи писари малика сар аз тан xудо кард. Томирис ин қадар қӯшунро ва аз ҳама аламноктар ягона фарзанди дилбанди худро аз даст дода, тасаллои дили пурдарди худро на дар ашкҳои сӯзон, балки дар интиқоми xунситон дид ва мисли ҳамон тадбири душмани маккор тадбир андешид. Вай чунон вонамуд кард, ки гӯё пас аз ин зарбаи сахт ба қувваи худ бовар надорад ва роҳи гурезро пеш гирифтааст. Малика Томирис Курушро бо ҳила аз дунболи худ ба тангнои кӯҳ кашид, ки пешакӣ дар камарҳои он сарбозони худро ба камин нишонда буд. Томирис дар ин ҷо қӯшуни 200 000-нафараи форсро ҳамроҳи подшоҳашон маҳв намуд. Малика амр кард, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одамӣ пуркардашуда андозанд ва худ бо чунин суханон бераҳмии ӯро маҳкум намуд: «Инак сер шав аз хуне, ки ту ҳамеша ташнаи он будӣ ва ҳеч гоҳ аз он сер намешудӣ».(Юстин, I, 8, 1-13).[5]
Ҳикояти Ҳеродот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳикояти Ҳеродот (а, 205—214) боз ҳам муфассалтар аст. Аз он маълум мешавад, ки Куруш аввал ба воситаи фиристодагони махсуси Томирис ба малика заношӯ шуданро пешниҳод карда будааст. «Лекин Томирис, менависад Ҳеродот, — на хостгори вай, балки хостгори салтанати массагетҳо будани Курушро пай бурда, ин пешниҳодро рад намуд» (I, 205).Писари Томирисро Спаргапис меномиданд вай кушта нашуда, балки асир афтода, худашро кушта будааст. Доир ба муҳорибаи массагетҳо ва қӯшуни ҳахоманишӣ чунин нақл карда мешавад: «… Ин муҳориба аз тамоми задухӯрдҳое, ки баробариҳо иштирок доштаанд, шадидтар. Аз рӯи шунидам, вай ин тариқа рӯй додааст: аввал ҳарду қӯшун аз масофаи дуртар истода ба якдигар аз камон тир паррондаанд, сонӣ, вақте ки тири камон тамом шудааст, ба ҷанги тан ба тан гузашта найзаву шамшерзанӣ кардаанд. Қӯшунҳо муддати дуру дароз ба ҳам муқобил истода, ҳеч яке аз тарафҳо ба гурез рӯ наниҳодааст. Ниҳоят, массагетҳо ғалаба ба даст овардаанд. Бештарин қисмати қӯшуни форс дар майдони ҷанг нобуд гардида, худи Куруш ҳам кушта шудааст» (Ҳеродот, I, 214). Страбон ба (IX,8,5) ин ахбор чунин як маълумоти хеле муҳимро илова менамояд, ки дар вақти ин ҷанг душманони бодиянишини Куруши II (ӯ онҳоро сакоӣ меномад) қӯшуни ҳахоманиширо ду бор шикаст доданд.[6]
Ин муҳорибаи таърихӣ ва бохти Куруши Кабир соли 530 пеш аз милод рӯй додааст. Дигар дар бораи Томирис иттилооти аниқ нест.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Осиёи миёна дар ҳайати давлати Ҳахоманишиҳо
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ F. Altheim und R. Stiehl. Geschichte Mittelasiens im Altertum. Berlin, 1970.
- ↑ For the etymology see: F. Altheim und R. Stiehl, Geschichte Mittelasiens im Altertum (Berlin, 1970), pp. 127-8
- ↑ Геродот. История (I, 205). // Доватур А. И., Каллистов Д. П.,И. А. Народы нашей страны в «Истории» Геродота. — М., 1982. — C. 87.
- ↑ Иордан. О происхождении и деяниях гетов (61) Бойгонӣ шудааст 6 октябри 2014 сол.. Перевод Е. Ч. Скржинской.
- ↑ Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби 1. — Душанбе, 2008, — с. 81
- ↑ Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Китоби I—II. — Душанбе:Ирфон, 2008. — С. 81—82
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ЦАРИЦА МАССАГЕТОВ ТОМИРИС
- Таърихи Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 28 сентябри 2007 сол.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони асри VI то м.
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони асри VI то м.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Таърихи Тоҷикистон
- Ҳахоманишиён