Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Малики Қумӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Малики Қумӣ
Таърихи таваллуд 1503
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1587
Навъи фаъолият шоир

Малик Ваҷдии Қумӣ (форсӣ: ملک قمی‎[1]; 1503, Қум — 1587) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибӣ ин шоир аз шаҳри Қуми Эрон буда, бо номи Малики Қумӣ низ шуҳрат доштааст. Гуфтораш латиф ва ашъораш матин будааст. Ӯ ба ғайр аз ғазалҳо, рубоиёт ва дигар анвои шеър, маснавие бо номи «Санаму Бараҳман» навиштааст. Рубоии зерин аз ӯст:

Бар тунги шакар мӯрча раҳ хоҳад кард,
Бар лола бунафша такягаҳ хоҳад кард.
Аз оташи рухсори ту хоҳад бархост,
Дуде, ки ҳазор дил сияҳ хоҳад кард.

  1. ↑ مولانا ملک محمد ملک قمی. ویستا. 20 май 2024 санҷида шуд.