Jump to content

Мамлакат Аюбова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мамлакат Аюбова
Таърихи таваллуд 12 декабр 1956(1956-12-12) (67 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шаҳритӯс, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Мамлакат Аюбова  — номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мамлакат Аюбова хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1978) ва аспирантураи ДДМТ (1998). Фаъолияти кориаш соли 1978 оғоз гардидааст: муаллими забон ва адабиёти мактабҳои миёна (1978-1993), муҳаррир ва сармуҳаррири шуъбаи табъу нашри ДДМТ (1993–1994), ассистент (1994), муаллими калон (2002) ва дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии ДМТ (2006). Рисолаи илмиашро таҳти унвони «Антропонимияи тоҷикони навоҳии Шаҳритузу Қубодиён» соли 2002 дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ- тадқиқотӣ ва методист.

  • Забони тоҷикӣ (дастури таълимӣ барои гурӯҳҳои русии факултетҳои ғайрифилологӣ).–Душанбе: Нашриёти ДДМТ, 2008 (ҳаммуаллиф);
  • Забони тоҷикӣ (барои факултетҳои биология ва тиббиву дорусозӣ). – Душанбе: «ЭР-Граф», 2011 (ҳаммуаллиф);
  • Барномаҳои таълимӣ аз фанни забони тоҷикӣ. – Душанбе: Нашриёти ЭР-Граф, 2013 (ҳаммуаллиф).[1]