Манзилгоҳи қадимии Афросиёб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Афросиё́б — шаҳри қадимтарин, ки масохаташ аз 200 га зиёд аст, дар кисми шимолии Самарқанди хозира ҷойгир аст. Чунин ҳисоб мешавад, ки Афросиёб аз Мароқанд, пойтахти Суғдиён ҳам қадимтар аст. Ин шаҳри кадима нми худро аз шоҳи Турон ва аз қаҳрамони яке аз қаҳрамонони "Шоҳномаи" Фирдавси гирифтааст.

Маълумоти таърихи[вироиш]

Кофтуковҳои археологи дар Афросиёб охири асри 18 оғоз гардида буд, баъди ба Руссия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна. Ин кофтуковҳо аниқ карданд, ки ҳақиқатан якчанд аср пеш аз мелод Самарқанд, яке аз марказҳои калонтарини тичорати ва мадании Осиёи Миёна ба хисоб мерафт. Шаҳри Мароканд аз шимолу шарқ бо чариҳои назди дарёги ва аз чанубу ғарб бо нишебиҳои чукур ихота карда шуда буд. Дар бокимондаҳои ин шаҳр бокимондаҳои ашёи рузгор ки аз гил сохта шуда, бо накшу нигор ороста шуда буданд, ёфт гардиданд, инчунин олотҳои мехнати гуногун, тангахо ва ашёҳои шишаги.

шаҳр аз кучаҳои рости сангфаршшуда ва гузархо иборат буданд, ки бо деворҳои баланди химоятгаркунанда, ки дар даруни он масчидхо, хонаҳои истикомати ва корхонахо ҷойгир шуда буданд.

Мисол дар хонаҳои истикоматие, ки ба асрҳои VI—VII таалук доранд, деворхо бо накшу нигорҳои зебо, ки бо рангҳои баланд ичро карда шуда буданд ёфт гардиданд. Дар яке аз чунин хонаҳои истикомати накши хеле зебои мардон ва занон дар либосҳои идона дар вакти чашни ид дар ихотаи ҳайвонҳои гуногун ифода ёфта буданд.

Дар деворҳои касри подшоҳ композицияи калоне ичро карда шуда буд, ки дар он як гурӯҳ одамоне, ки ба чашни идона равона шуда истодаанд ишора шудаанд, пеш пеши ин гурӯҳи одамон дар фили сафед, эхтимол маликаи ин шаҳр акс ёфтааст. Акси яке аз занҳои кашида шуда, ки дар асп савор аст, хеле хуб то рузҳои мо омада расидааст. Вай куртаи кутохи сурх, пойчомаи зард ва музаи сиёҳ пушидааст, дар дастонаш даспона ва дар китфаш руймол партофтааст. Дар паси занхо ду марди уштурсавор, ки дар даст шамшерҳои рост ва кордҳои кутох доранд ишора шудаанд. Мумкин аст, ки ин маросими туй аст, ва дар фил арус, малика нишаста асту ба суи хонаи домод бо хамрохии дугонахояш ва одамони обруманд рафта истодааст. Дар шаҳристони Афросиёб, низ як хонаи калоне ёфт гардид, ки он бо мучассамаҳои чуби ороста шуда буд, ки баъди сухторе, ки 13 аср пеш шуда буд, ба ангишт табдил ёфтанд. Дар кофтуковҳои археологи, ни накшунигорҳои олами табият низ акс ёфта шуда буданд.

Дар вакти хукмронии Хахоманишинхо, атрофи шаҳр ба деворҳои баланд ихота карда шуда буданд.

Дар асрҳои IX-X, вакте, ки Самарқанд яке аз марказҳои ислом ба хисоб мерафт ва пойтахти аввалини сулолаи Сомониён интихоб гашта буд, дар кисми чанубии Афросиёб кари пурхашамати шохи Сомониён сохта шуда буд. То асри X масохати кисми дарунии шаҳр 220 га буд.Дар кисми чанубии он бозорхо, масчидхо, хаммомхо ва караван-саройхо ҷойгир шуда буданд. Дар шаҳр системаи обтаъминкуни, аз кубурҳои чуяни сохта шуда буд, ва истехсоли когази хитои ба рох монда шуда буд.

Дар асрҳои XI-XIII Самарканд пойтахти давлати Карохониён гашт ва бо деворҳои баланд ихота карда шуда буд.

Дар аввали асрҳои XIII Хоразмшох Мухаммад шаҳри Самарқандро забт намуд, ва дар чои касри пештараи Карохониён касри нав сохт. Дар асри XIII давлати Хоразмшох аз тарафи Чингиз-хон забт карда шуд ва Самарқанд дар дасти мугулхо буд. Дар вакти чангҳои дарунаи байни мугулхо, нимаи дуюми асри XIII Самарканд сахт хароб гардид, ва ин ба кам шудани ахолии шаҳристони Афрасиёб гардид.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

  • Афрасиаб (городище). (2010, июнь 2). Википедия, свободная энциклопедия. Retrieved 17:18, июня 4, 2010 from http://ru.wikipedia.org/?oldid=25093686.
  • Шаҳристони Афросиёб. Самарканди давраҳои кадим. Самарқанд дар асрҳои IX-XIII
  • Ю. Н. Алескеров Шаҳристони Афросиёб