Давлати Сомониён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Давлати Сомониён
форсӣ: امارت سامانیان

 

819 — 999



 

(819–999)

Давлати Сомониён дар авҷи қудрати Исмоили Сомонӣ
Пойтахт Самарқанд дар солҳои 819892,
Бухоро дар солҳои 892999
Шаҳрҳои бузургтарин Бухоро(200,000), Балх(200,000), Марв(200,000), Нишопур(125,000), Самарқанд(120,000), Машҳад, Ҳирот
Забон(ҳо) Порсӣ (фармони расмӣ & динӣ/забони модарӣ),[1][2][3][4]
Арабӣ (фармони динӣ)[5]
Дин Ислом (суннӣ)
Воҳиди пул дирҳам[d]
Майдон 2,850,000 км²
Аҳолӣ 10,000,000
Шакли ҳукмронӣ Аморат
Сулола Сомониён
Амир
 - 819 то 855 Яҳё ибни Асад
 - 9991005 Исмоили Мунтасир
Таърих
 -  819 Таъсисдиҳанда - Сомонхудот
 - 892 то 907. Ба бузургтарин қудрат дастёбгашта - Исмоили Сомонӣ
Давомнокӣ
Саффориён
Давлати Қарохониён
Давлати Ғазнавиён

Давлати Сомониён (Имороти Сомониён, форсӣ: امارت سامانیان‎‎‎; 819999) — аввалин давлати соҳибистиқлоли исломии тоҷикон. Ҳукмронии сулолаи Сомониён солҳои 819999 дар бар мегирад.

Таърихи таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи давлат аз номи сулолаи ҳоким — Сомониён гирифта шудааст. То соли 892 амирони Сомониён зери итоати Хилофати Араб қарор доштанд. Замони мавҷудияти Давлати Сомониён дар таърихи халқи тоҷик давраи азнавбарқароршавии иқтисодиёт ва маданияти Мовароуннаҳру Хуросон баъди ҳукмронии якунимасраи хилофати Аббосиён ба шумор меравад. Дар натиҷаи меҳнати деҳқонон ва ҳунармандон дар мамлакат қувваҳои истеҳсолкунанда ба дараҷаи баланд тараққӣ карданд. Дар ин давра муносибатҳои ҷамъиятии феодалӣ ғалаба карда, раванди ташаккули халқи тоҷик ба охир расид, давлати он ба вуҷуд омад ва маданияти моддию маънавии халқ инкишоф ёфт. Ин давраи инкишофи шаҳрҳои қадимии шарқ — Бухоро, Самарқанд, Марв, Нишопур, Ҳирот, Балх, Хуҷанд, Бунҷикат, Ҳулбук, Шумон ва ғ. буд. Ибтидои асри IX дар натиҷаи пурзӯр шудани ҳаракати зидди хилофат Аббосиён маҷбур шуданд, ки ба баъзе вилоятҳо ҳуқуқи худидоракунӣ диҳанд. Дар Мовароуннаҳр намояндагони сулолаи Сомониён пурқувват гардиданд. Давлати Сомониён дар аҳди ҳокимони Мовароуннаҳр Аҳмад ибни Асад ва писари ӯ Наср комилан ташаккул ёфт. Дар давраи Исмоил ибни Аҳмад Давлати Сомониён ба давлати мустақили мутамарказ табдил ёфт. Сомониён охири асри IX ҷангҳои байниҳамдигарии ҳокимони маҳаллиро барҳам дода, тамоми Осиёи Миёнаро ба даст дароварданд. Ҳудуди Давлати Сомониён дар Шимол то дарёи Талас тӯл кашида, дар Ғарб. вилоятҳои Эрони Шимолӣ ва Шарқиро дарбар мегирифт. Мамлакат дар давраи Наср ибни Аҳад (Насри 11) (914—943) ба дараҷаи баланди тараққиёт расид. Махсусан баъди сулҳи байни Абӯалии Чағонӣ ва бо Нуҳ ибни Наср (январи с.949) Давлати Сомониён ҳамчун давлати мутамарказ ташаккул ёфт.

Сабабҳои таъсиси давлат[вироиш | вироиши манбаъ]

Сабабҳои асосии таъсисёбии давлати Сомониён :

  1. Оғози давраи пирӯзии муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна.
  2. Авҷ гирифтани ҷараёни мазҳабии шуубия — ҷараёни оппозитсионӣ нисбат ба ҳукмронии арабҳо.
  3. Шӯришҳои пай дар паи халқои Осиёи Миёна.
  4. Ба умури давлат ҷалб шудани аъёну ашрофи маҳаллӣ (Бармакиён , афшинҳои Истаравшан , Тоҳириён ).
  5. Ба мухторият соҳиб шудани вилоятҳои шарқии хилофат, аз он ҷумла мулкҳои Хуросон Мовароуннаҳр
  6. Мавқеи мустаҳкам пайдо намудани забони тоҷикӣ дар Хуросон Мовароуннаҳр .
  7. Муттаҳидшавии қавму қабилаҳои эронзабони Осиёи Миёна, суръат пайдо намудани раванди ташаккули халқи тоҷик.
  8. Ба миён омадани умумияти ҳудуди этникӣ, забонӣ ва фарқангии аҷдоди тоҷикон.
  9. Мавҷудияти анъанаҳои бои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии форсу тоҷик.

Давраҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Замони ба сари қудрат омадани ва фано шудани сулолаи Сомониёнро ба се давра тақсим кардан мумкин аст.

  • Давраи якум аз соли 817 оғоз шуда, соли 874 анҷом меёбад. Ин муддат ибтидои муборизаи халқи тоҷик барои истиқлол ва ташаккули давлати мутамарказонидашуда мебошад.
  • Давраи дувуми ҳукмронии хонадони Сомониён аз соли 875 оғоз ёфта дар ибтидои солҳои 60 — уми асри X ба охир мерасад. Аниқтар, ин давра солҳои 875—960 — ро дар бар мегирад.
  • Давраи севуми ҳаёти хонадони Сомониён ба солҳои 961—999 рост меояд. Ин замоне буд, ки амирони Сомонӣ ба саргармӣ дода шуда, бо ду дасти адаб лашкар ва идоракунии давлатро ба ихтиёри ғуломони турк супориданд.[6][7]
Давлати Сомониён(819—999)

Амирони Сомонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақбараи Сомониён, шаҳри Бухоро

Идоракунии давлат[вироиш | вироиши манбаъ]

Ташкили хуби идоракунии давлат дар рӯшду камоли он саҳми муносиб мегузорад. Инро хонадони Сомониён нағз дарк намуда буданд. Яке аз намояндагони олимақоми ин хонадони бонуфӯз Исмоил инро хуб мефаҳмид. Аз ин рӯ, баробари ба сари қудрат омадани хеш масъалаи аз рӯи нақша ташкилу амал намудани давлатро ба миён гузошт. Баъди ғалабаи Исмоил бар Саффориён (соли 900) Сомониён ташкили идоракунии бонизомро ба миён гузоштанд. Исмоил шакли беҳтарини идоракунии давлатро дар девонҳо (вазоратҳо) медид. Вай таҷрибаи давлатҳои гузаштаро ба инобат гирифта, бо роҳи девонҳо идора намуданро асос шуморид. Он дар замони арзи вуҷуд кардани давлати Сосониён ташкил шуда буд. Давлати Сомониён аз ҷиҳати сохт феодалӣ буда ба ду даргоҳ: дарбори подшоҳӣ ва девонҳо, яъне вазоратҳо ё идораҳои ҳарбӣ тақсим мешуд. Исмоил мехост, ки давлат дар як даст муттаҳид карда шавад, он гоҳ идоракунии он аз марказ хеле осон буд. Аммо Исмоил ба мақсад нарасид. Кори саркардаашро писараш Аҳмад ибни Исмоил идома дода бошад ҳам, ба сомон нарасонд. Танҳо баъди сари ӯ дар замони ҳукмронии писараш Насри II бо ташаббуси вазирони оқилу донои Сомонӣ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҷайҳонӣ (914—918) ва Абулфазл Балъамӣ (918—938) орзӯи Исмоил ҷомаи амал пӯшид. Барои идора намудани ҳокимияти марказӣ системаи идоракунии давлатӣ ба тартиб дароварда шуд. Сардори давлат амир буда, дар вилоятҳо волиҳои ӯ ҳукм меронданд. Дар қатори дарбор (даргоҳ) боз даҳ идораи ҳарбию маъмурӣ — девонҳо ташкил карда шуданд. Вазифаи девонҳо аз деҳқонон, ҳунармандон ва тоҷирон ҷамъ овардани андозҳо буд. Буҷети умумии Давлати Сомониён 45 млн дирҳамро ташкил медод, ки 20 млн — и он барои нигоҳ доштани қӯшун ва маоши амалдорони давлатӣ сарф карда мешуд. Чорабиниҳои муҳимми Сомониён, аз ҷумла, дар атрофи як марказ муттаҳид кардани Хуросон ва Мовароуннаҳр, таъмини истиқлоли давлат ва ғ. барои инкишофи ҳаёти иқтисодӣ ва мадании мамлакат заминаҳои зарурӣ фароҳам овард.

Пойтахт[вироиш | вироиши манбаъ]

Бухоро пойтахти давлати Сомониён ба ҳисоб мерафт. Бухоро дар замони ҳукмронии арабҳо мисли дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳр Хуросон борҳо хароб гардида буд. Аммо дар аҳди Сомониён вазъият тағир ёфт. Ба туфайли робитаҳои тиҷоратӣ ва аз ҳар ҷиҳат тараққӣ ёфтани давлат ҳаёти нисбатан ором пойдор гардид. Бухоро чун дигар шаҳрҳои қадими тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ба се қисм тақсим мешуд: 1. Арк- ҷои зисти шоҳ; 2. Шаҳристон — ҷои зисти табақаҳои гуногуни мардуми шаҳр; 3. Рабаз — маҳалли тиҷорату ҳунармандӣ. Шаҳри Бухоро дар асри IX ёздаҳ дарвоза дошт. Дар байни мамлакатҳои Осиёи Пеш яке аз шаҳрҳое буд, ки бори нахуст мактаби олии мусулмонӣ — мадраса бино ёфта будааст. Ҳамин тариқ дар аҳди Сомониён муносибатҳои феодалӣ устувор мегардад. Давлати Сомониён ҳамаҷиҳата тараққӣ мекунад.

Иқтисодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Кишоварзӣ, кӯҳкорӣ, ҳунармандӣ ва савдо боз ҳам тараққӣ карданд. Мовароуннаҳр ва Хуросон мамлакатҳои аграрӣ буданд. Заминҳо асосан аз обҳои дарёчаҳо, сойҳо, чашмаҳо, каналҳо ва корезҳо объёрӣ карда мешуданд. Дар Осиёи Миёна, хусусан, дар водиҳои Зарафшон, Фарғона ва ноҳияҳои дигар системаи зиёди обёрӣ вуҷуд дошт. Масалан, дар воҳаи Бухоро (каналҳои Санҷон ва Шоҳруд), Бунҷикат ва шаҳрҳою вилоятҳои дигар каналҳо мавҷуд буданд. Дар асрҳои IX—X як қатор каналҳои нав ва иншооти обёрӣ сохта шуданд. Масалан, дар яке аз дараҳои силсилакӯҳи Пастоғ (қаторкӯҳи Нурато) дарғоти калони сангин (ҳоло Хонбандӣ) ва обанбор бунёд гардид. Ғайр аз заминҳои обӣ заминҳои лалмиро низ васеъ истифода мебурданд. Дар заминҳои обии Суғд, Фарғона, Чоч, Истаравшан, Чағониён, Хуросон ва ғ. деҳқонон гандум, ҷав, биринҷ, арзан, лӯбиё, нахӯд ва зайтун кишт менамуданд. Пахта дар хоҷагии кишоварзии баъзе ноҳияҳо (водии Зарафшон, Фарғона, воҳаи Марв ва ғайра) ҷойи асосиро ишғол мекард. Боғдорӣ (зардолу, шафтолу, себ, нок, биҳӣ, олуча, олу, анор, анҷир, чормағз, бодом), токдорӣ (махсусан ангури навъи ҳиротӣ), обчакорӣ ва зироати полезӣ низ ривоҷ ёфтанд. Номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ. хусусияти махсуси заминдориро нишон медиҳад, ки он ба обёрии сунъӣ асос ёфта буд. Географҳои асрҳои IX—X ҳосилхезии заминҳои корами Осиёи Миёнаро борҳо таъкид намудаанд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва даштҳои Осиёи Миёна чорводорӣ, хусусан, гӯсфанду асппарварӣ ривоҷ ёфт. Дар ин давра дар Давлати Сомониён саноати кӯҳӣ тараққӣ кард. Манбаъҳои хаттӣ ва маводҳои археологӣ аз зиёдии сарватҳои зеризаминии ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна шаҳодат медиҳанд. Дар Бадахшон, Дарвоз, Рӯшон ва Шуғнон конҳои ёқут, санги лоҷвард ва нуқра кор карда мешуданд. Дар саргаҳи Зарафшон оҳан, тило, нуқра, зок, дар Истаравшан оҳан, дар Асбара (Исфара) ангиштсанг, дар Фарғона оҳан, қалъагӣ, нуқра, симоб, мис, сурб, муми кӯҳӣ (қир), асбест, фирӯза, навшодир, нефт истеҳсол менамуданд. Илоқ (водии Оҳангарон) маркази коркарди маъдани нуқра ва сурб ба шумор мерафт. Аз конҳои Хуросон фирӯза, мармар, сангҳои резакорӣ, тило, оҳан, мис, зок, сулфур, маргимуш, шаба, гили кулолӣ ва ғ. мегирифтанд. Дар Осиёи Миёна конҳои зиёди асримиёнагӣ, ба монанди Кони Мансур, Кӯҳи Сим, Конҷӯл, Консой, Тариқэккан, Кони Гут ва ғ. ёфт ва омӯхта шуданд. Маъданро бо роҳи кандани чоҳҳои амудӣ ва нишеб ё аз конҳои кушод мегирифтанд. Дар саноати кӯҳӣ меҳнати одамони озод ва ғуломонро хуб истифода мебурданд.

Ҳунармандӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Давлати Сомониён ҳунармандӣ низ инкишоф ёфт, ки он дар Мовароуннаҳру Хуросон ҷойи намоёнро ишғол мекард. Пеш аз ҳама бофандагӣ ривоҷ ёфт. Деҳаҳои Зандона (наздикии Бухоро), Водар (наздикии Самарқанд) ва Дарзангӣ (дар водии д. Сурхон) ба марказҳои бофандагӣ табдил ёфтанд. Дар онҳо намудҳои беҳтарини матоъҳои пахтагӣ мебофтанд. Мувофиқи маълумоти Муҳаммади Наршахӣ, матоъи зандонагиро ба Эрон, Форс ва Ҳиндустон мебурданд. Мувофиқи ахбори географҳои асри X Ибни Ҳавқал ва Муқаддасӣ матоъи нафиси водарӣ дар мамлакатҳои Шарқ шуҳрати калон дошт. Дар Самарқанд, Дабусия, Бухоро, Искоҷат, Насаф, Кеш, Банокат, матоъҳои нафис ва дурушт мебофтанд. Дар Самарқанд коғаз ва шиша истеҳсол мекарданд, ки онҳо дар мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Наздик шуҳрати калон пайдо карда буданд. Дар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишини Фарғона, Истаравшан, Хуҷанд яроқ ва олоти кишоварзӣ, зарфҳои фулузӣ, дар Бухоро ва атрофи он қолин, ҷойнамоз, зин, равған, дар Самарқанд рикоб, лаҷом, тасма, деги мисин, дар Чоч зин, тирдон, хайма, тиру камон, сӯзан, миқроз, зарфҳои сафолӣ, дар шаҳрҳои Хуросон -дар Нишопур калоба, матоъ, либоси пашмин, рӯйҷо, корд, дар Марв парча, сӯзанӣ, рӯйҷои абрешимӣ ва пахтагӣ, абрешим, дар Тӯс зарфҳои сангӣ, бурё, дар Балх пӯст, собун дар Гарчошара қолин, намад ва ғ. истеҳсол мекарданд. Онҳо аз ривоҷёбии ҳаматарафаи ҳунармандӣ шаҳодат медиҳанд.

Тиҷорат[вироиш | вироиши манбаъ]

Инкишофи кишоварзӣ, кӯҳкорӣ, ҳунармандӣ ва тараққиёти шаҳрҳо ба ривоҷёбии мубодилаи мол байни шаҳру деҳот аз як тараф, аз тарафи дигар байни аҳолии муқимӣ ва бодиянишин оварда расонд. Дар натиҷаи инкишофи савдои дохилӣ ва берунӣ шаҳрҳо ва деҳаҳои Осиёи Миёна дар соҳаи истеҳсоли ин ё он навъи мол махсус гардида буданд. Мувофиқи маълумоти Муқаддасӣ ба бозорҳои берунӣ аз Бухоро порчаҳои нафис, қолин, ҷойнамоз, фонуси мисин, пушттаранги асп, равған, пӯсти гӯсфанд, гӯшт ва харбуза, аз Кармина сачоқ, аз Дабусия ва Водар газворҳои водарӣ, аз Арбинҷон ҷомаи пашмин, ҷойнамоз, пӯст, зарфҳои фулузӣ, аз Самарқанд парча, матоъи симгун, газворҳои сурх (мумарҷол), газвори синизӣ, абрешим, шоҳӣ, хайма, коғаз, шиша, деги мис, чормағз, аз Ҷиззах пашм, газвори сафед, яроқ, оҳан, аз Чоч пахта, ҷома, хайма, камон, аз Тирмиз собун, аз Балх пӯст, собун, кунҷит, биринҷ, чормағз, мавиз, бодом, асал, зок, сулфур, сурб, рӯйҷои занона, аз Марв парча, ҷома, рӯйҷои пахтагӣ ва абрешимӣ, равғани кунҷит, панир, мис, аз Нишопур калоба, газвор, либосҳои пахтагӣ ва пашмин, оҳан, пӯст, аз Нисо ва Обивард либоси пахтагӣ ва абрешимӣ, абрешим, равғани кунҷит, пӯсти рӯбоҳ, аз Ҳирот ба миқдориДавлати Сомониён, давлати аввалини тоҷикон, ки асри IX дар Мовароуннаҳру Хуросон ба вуҷуд омада буд (875—999). Ба он намояндаи сулолаи Сомониён Аҳмад ибни Асад асос гузошт. Замони мавҷудияти Давлати Сомониён дар таърихи халқи тоҷик давраи азнавбарқароршавии иқтисодиёт ва маданияти Мовароуннаҳру Хуросон баъди ҳукмронии якунимасраи хилофати Аббосиён ба шумор меравад. Дар натиҷаи меҳнати деҳқонон ва ҳунармандон дар мамлакат қувваҳои истеҳсолкунанда ба дараҷаи баланд тараққӣ карданд. Дар ин давра муносибатҳои ҷамъиятии феодалӣ ғалаба карда, раванди ташаккули халқи тоҷик ба охир расид, давлати он ба вуҷуд омад ва маданияти моддию маънавии халқ инкишоф ёфт. Ин давраи инкишофи шаҳрҳои қадимии шарқ — Бухоро, Самарқанд, Марв, Нишопур, Ҳирот, Балх, Хуҷанд, Бунҷикат, Ҳулбук, Шумон ва ғ. буд. Ибтидои асри IX дар натиҷаи пурзӯр шудани ҳаракати зидди хилофат Аббосиён маҷбур шуданд, ки ба баъзе вилоятҳо ҳуқуқи худидоракунӣ диҳанд. Дар Мовароуннаҳр намояндагони сулолаи Сомониён пурқувват гардиданд. Давлати Сомониён дар аҳди ҳокимони Мовароуннаҳр Аҳмад ибни Асад ва писари ӯ Наср комилан ташаккул ёфт. Дар давраи Исмоил ибни Аҳмад Давлати Сомониён ба давлати мустақили мутамарказ табдил ёфт. Сомониён охири асри IX ҷангҳои байниҳамдигарии ҳокимони маҳаллиро барҳам дода, тамоми Осиёи Миёнаро ба даст дароварданд. Ҳудуди Давлати Сомониён дар Шимол то дарёи Талас тӯл кашида, дар Ғарб. вилоятҳои Эрони Шимолӣ ва Шарқиро дарбар мегирифт. Мамлакат дар давраи Наср ибни Аҳад (Насри 11) (914—943) ба дараҷаи баланди тараққиёт расид. Махсусан баъди сулҳи байни Абӯалии Чағонӣ ва бо Нуҳ ибни Наср (январи с.949) Давлати Сомониён ҳамчун давлати мутамарказ ташаккул ёфт.зиёд мавиз, писта, асал ва ғ. мебурданд. Дар асрҳои IX—X савдо бо мамлакатҳои ҷанубу шарқии Европа, Муғулистон, Хитой, Эрон, Кавказ, давлатҳои Осиёи Пеш аҳамияти калон пайдо кард. Аз Мовароуннаҳр ва Хуросон роҳҳои калони тиҷоратии Шарқ мегузаштанд. Роҳи тиҷоратие, ки аз Осиёи Миёна ба ҷанубу шарқии Европа мегузашт, аҳамияти калон дошт. Муншии сафорати хилофати араб Ибни Фадлон, ки с. 922 ҳамроҳи корвони тоҷирон ба Булғория, Волгаю Кама мерафт, ин роҳро тавсиф кардааст. Ба воситаи Итил ва Булғор Д. С. бо князиҳои Рус савдо мекард. Ба Итил ва Булғор биринҷ, хушкмева, газворҳои пахтагӣ, абрешимӣ ва пашмин, дирамҳои нуқрагин бурда, аз Рус, Булғор ва Хазар ба Осиёи Миёна мӯина, асал, пӯст, чорво ва ғайра меоварданд. Дар шаҳрҳои гуногуни Рус — Москва, Новгород ва ғ. ба миқдори зиёд ёфт шудани тангаҳои Давлати Сомониён аз алоқаҳои мустаҳками тиҷоратии байни Осиёи Миёна ва Руси қадим шаҳодат медиҳад. Дар сари роҳҳои тиҷоратӣ корвонсаройҳо, хонаҳои истиқоматӣ сохта, чоҳҳо мекофтанд. Савдо бо Европаи Ғарбӣ асосан бо роҳи иваз намудани молҳои арзишашон якхела ба амал бароварда мешуд. Дар асри X чекҳо низ дар муомилот истифода мешуданд. Дар Давлати Сомониён. анвои молҳои фурӯш тағйир ёфт. Агар тоҷирон пештар маснуоти заргарӣ, яроқи қиматбаҳо, зарфҳои биринҷӣ ва нуқрагӣ, шиша, газворро ба фурӯш баранд, акнун бештар хӯрокворӣ, моли хоми ҳунармандӣ ва маҳсулоти ҳунармандиро мефурӯхтанд. Тараққиёти кишоварзӣ, кӯҳкорӣ, ҳунармандӣ ва савдо дар Хуросону Мовароуннаҳр ба инкишофи маданияти маънавии халқи тоҷик заминаи муҳим гузошт. Дар асрҳои IX—X дар Осиёи Миёна муносибатҳои феодалӣ пурра ғалаба карданд.

Давлати Сомониён давлати феодалӣ буд, ки он манфиати феодалон ва савдогаронро ҳимоя мекард. Қисмати асосии замин дар дасти намояндагони сулолаи Сомониён, заминдорони калон, мансабдорони давлатӣ ва рӯҳониён буд. Оммаи васеи деҳқонон камзамин буд, ё ҳеч замин надошт. Андозҳои вазнин, истисмори феодалӣ боиси сар задани як қатор шӯришу ошӯбҳои зиддифеодалӣ гардиданд. Муборизаи синфӣ аксаран дар зери ниқоби дин мегузашт. Масалан, яке аз ҳаракатҳои калони динӣ дар Давлати Сомониён ҳаракати қарматия буд.

Ташаккули халқи тоҷик[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар асрҳои IX—X дар Осиёи Миёна, аз ҷумла, дар водии Зарафшон, Қашқадарё ва Истаравшан — суғдҳо, ҳавзаи дарёи Аму ва шохобҳои он бохтариён (тахориён), дар ҳавзаи поёноби д. Аму — хоразмиён, водии Фарғона — фарғониён, дар ҷанубу ғарбии воҳаҳои Осиёи Миёна сакоиҳо зиндагӣ мекарданд. Ҳамаи онҳо қаробати этникӣ дошта, ба забонҳо ва шеваҳои гурӯҳи забонҳои эронӣ гуфтугӯ мекарданд. Дар баъзе маҳалҳои Тахористон, Чоч, Фарғона ва, хусусан, дар шимолу шарқии Осиёи Миёна гурӯҳҳои этникии туркнажод низ буданд. Дар асрҳои IX—X дар ҳудуди Давлати Сомониён раванди ташаккули халқи тоҷик ба охир расид. Мувофиқи маълумотҳо, таркиби этникии тоҷиконро суғдҳо, бохтариён ва тахориён, фарғониён, хуросониён ва қабилаи сакоиҳо ташкил медоданд. Ба онҳо дар давраҳои гуногун хионитҳо, ҳайтолиён, туркҳо ва гурӯҳҳои дигари этникӣ ҳамроҳ шуданд. Забони умумии тоҷикон дарӣ (форсии дарӣ) буд. Забони дарӣ (тоҷикӣ) аввалҳо дар заминаи яке аз шеваҳои байни Тахористон ва Хуросон ба вуҷуд омада, дертар ба вилоятҳои дигар паҳн шуд ва забони суғдиро аз гуфтугӯ танг карда баровард. Дар кори ташаккули забони тоҷикӣ лаҳҷаҳои Эрони Шарқӣ нақши калон бозиданд. Дар асрҳои IX—X адабиёти илмӣ ва назм инкишоф ёфтанд. Сомониён барои дар байни аҳолии маҳаллӣ пайдо намудани такягоҳ забони модариро ҳаматарафа истифода бурданд. Ташаккули территорияи умумии халқи тоҷик аз раванди ниҳоят мураккаб ва пурихтилофи ҷудошавию муттаҳидшавии иттиҳодияҳои давлатие, ки дар сарзамини тоҷикон вуҷуд доштанд, сар шуда, бо барпо гардидани давлати мутамаркази Сомониён ба охир расид. Мубориза табақаҳои гуногуни ҷамъиятро аз оммаи меҳнаткаш то синфи ҳукмрон фаро гирифт. Маркази ин иттиҳодия Мовароуннаҳр ва Хуросон буданд. Давлати Сомониён давлати осиёимиёнагӣ, сулолаи Сомониён сулолаи тоҷикон буд. Маркази мамлакатро марзе, ки дар он аз қадим аҷдоди халқи тоҷик маскан гирифта буд, ташкил мекард. Раванди ташаккули фарҳанги умумии халқи тоҷик хеле мураккаб ва номунтазам буд. Маводҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳанӯз дар а.7-8 дар ҳудуди Суғд, Тахористон, Фарғона ва Хуросон баробари хусусиятҳои махсуси ин ё он вилоят ба дараҷаи муайян умумияти фарҳанги моддӣ ва маънавӣ вуҷуд дошт. Умумияти маданияти моддӣ бештар дар меъморӣ, шакл ва техникаи тайёр намудани сафоли сирдор намудор мегардад. Дар давраи ташаккули фарҳанги умумии халқи тоҷик водии Зарафшон (бо марказҳои калони иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсиаш — Бухоро ва Самарқанд) вилояти асосии аз ҷиҳати маданӣ мутараққӣ ба шумор мерафт.

Рӯдакӣ дар он замоне, ки давраи рушди болоравии худшиносии халқи тоҷик буд, даъвати Балъамиро ба ҷон пазируфт. Иштироки Рӯдакӣ дар ин раванди ташаккули халқи тоҷик айни муддао буд. Ӯ бо дарбори Исмоили Сомонӣ (892907) ва Аҳмад ибни Исмоил (907914) беалоқа набудааст. Рӯдакӣ дар дарбори Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, яъне Насри II (914—943) ба мартабаи азим соҳиб мешавад.

Бинобар ҳамин худи Рӯдакӣ мегӯяд:

«

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,

Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.
Рӯдакӣ
»

Рушди фарҳанги тоҷикон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар асрҳои IX—X фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна ба дараҷаи баланд инкишоф ёфт. Ба тараққиёти фарҳанги Мовароуннаҳру Хуросон пурра ҷорӣ гардидани забони дарӣ (тоҷикӣ) мусоидат кард. Ба ин забон назм инкишоф ёфт, ки он дар эҷодиёти сардафтари адабиёти форс — тоҷик Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ, шоири бузург Абулқосими Фирдавсӣ ва дигарон зоҳир гардид. Дар ин давра илмҳои математика, ахтаршиносӣ, ҷуғрофиё, кимиё, пизишкӣ, таърих ва адабиётшиносӣ инкишоф ёфтанд, ки олимони энсиклопедист Абӯнасри Форобӣ. Абӯалӣ ибни Сино, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва диг. намояндагони машҳури он мебошанд. Шаҳрҳои асосии Осиёи Миёна — Бухоро, Самарқанд, Балх, Марв, Нишопур, Хуҷанд, Бунҷикат ва ғ. ба марказҳои калони маданӣ табдил ёфтанд. Аз тамоми мамлакатҳои Шарқ ба пойтахти давлат — Бухоро олимон, шоирон, мусаввирон ва диг. намояндагони фарҳанг ҷамъ омада буданд. Бухоро яке аз марказҳои фарҳанги Шарқ гардид. Дар шаҳр китобхонаи хеле бое ташкил карда шуд, ки он бо номи «Савон ул — ҳикмат» машҳур аст. Дар он китобҳои нодир роҷеъ ба илмҳои мухталиф гирд оварда шуда буданд. Дар бозори китоб асарҳои қиматбаҳои илмӣ ба даст овардан мумкин буд. Дар асрҳои IX—X санъати мусиқии халқи тоҷик боз ҳам инкишоф ёфт. Як қатор асарҳои санъати мусиқӣ ба вуҷуд омаданд, ки онҳо минбаъд дар «Дувоздаҳмақом», дертар «Шашмақом» гирд оварда шуданд. Асосҳои назариявии санъати мусиқӣ дар асарҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯҳафси Суғдӣ, Абӯсолеҳ, Абулаббоси Бахтиёр ва диг. акс ёфтанд. Шаҳрсозӣ, меъморӣ ва санъати ороиш боз ҳам тараққӣ кард. Дар ин давра мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро, мақбараи Аработа дар наздикии Каттақӯрғон ва Аламдор дар наздикии Каркӣ, қасрҳо, бозорҳои тимдор, корвонсаройҳо, масҷидҳои ҷомеъ бунёд гардиданд. Кандакории сутуну сақфи биноҳо (хусусан, дар водии Зарафшон), гаҷкорӣ, ороиши зарфҳои сафолӣ ва фулузӣ, соҳаҳои дигари санъати амалӣ ривоҷ ёфтанд.

Таназзул[вироиш | вироиши манбаъ]

Оштинопазирии синфҳои баҳамзид, муборизаи ҳокимони маҳаллӣ бо ҳукумати марказӣ, истисмори сахти феодалӣ боиси таназзули мамлакат гардид. Дар охири асри X Давлати Сомониён суст шуда, ба ҳуҷуми бодиянишинон дучор омад. Соли 992 бодиянишинони турк Бухороро забт карданд, мувофиқи шартномаи соли 996 тамоми мулкҳои тарафи шимолии ҳавзаи дарёи Зарафшон ба ихтиёри туркҳо гузашт. Дар охири асри Х дар натиҷаи афзӯдани муборизаҳои дохилӣ ва пурзӯр шудани мавқеи гвардияи туркӣ иқтидори давлати Сомониён суст гардид. Қӯшишҳои марказгурезии феодалони калон нӯфузи давалати марказиро ниҳоят суст карданд. Дар чунин вазъият тохтутози пайдарпаи туркони бодиянишин, махсусан ҳуҷумҳои бодиянишинони Қарохонӣ, ки солҳои 90-уми асри Х дар ҳудуди Туркистони Шарқӣ, Ҳафтрӯд, ҷануби ноҳияҳои доманаи Тиёншон таҳти роҳбарии сулолаи Қарохониён ба вуҷуд омада, мавҷудияти давлати Сомониёнро дар зери хатар мегузоштанд. Аз шиддат ёфтани муборизаҳои қувваҳои марказгурез ва торафт суст шудани иқтидори давлати Сомониён истифода намуда, Қарохониён ба сарзамини Сомониён ҳуҷум кардан ва бидуни ягон муқобилияти сахте 23 октябри соли 999 поӣтахти давлати Сомониён — Бухоро ро ба даст дароварданд. Соли 1005 Қарохониён сипоҳи охирин намояндаи сулолаи Сомониён Мунтасир Абӯиброҳим Исмоилро торумор намуда, давлати Қарохониёнро барпо карданд. Баъди ин Давлати Сомониён барҳам хӯрд ва дар Осиёи Миёна давлати Қарахониён ба вуҷуд омад. Мулкҳои тарафи ҷанубии дарёи Ҷайҳун (Аму) — ро Ғазнавиён ба даст дароварданд.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. "Persian Prose Literature." World Eras. 2002. HighBeam Research. (September 3, 2012);"Princes, although they were often tutored in Arabic and religious subjects, frequently did not feel as comfortable with the Arabic language and preferred literature in Persian, which was either their mother tongue—as in the case of dynasties such as the Saffarids (861–1003), Samanids (873–1005), and Buyids (945–1055)...". [1] Бойгонӣ шудааст 2 май 2013  сол.
  2. Elton L. Daniel, History of Iran, (Greenwood Press, 2001), 74.
  3. Frye, 1975, p. 146.
  4. Paul Bergne (15 June 2007). The Birth of Tajikistan: National Identity and the Origins of the Republic. I.B.Tauris. pp. 6–. ISBN 978-1-84511-283-7. 
  5. Frye, 1975, p. 145.
  6. Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. — Душанбе,2008. 870 с.(пайванди дастнорас)
  7. Мухторов А. Сомониён: замон ва макон. — Душанбе, 2008. — С. 46.
  8. Мухторов А. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе: Оли Сомон,1997. — 76 с.
  9. Мухторов А. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе: Оли Сомон,1997. — 76 с.
  10. Мусавии Буҷнӯрдӣ, Козим (1393 ҲҚ). Ризоии Боғбидӣ, Ҳасан; Ҷаъфарии Диҳақӣ, Маҳмуд; Саҷҷодӣ, Содиқ, виросторон. Таърихи Ҷомеъи Эрон. Теҳрон: Маркази Доирату-л-маъорифи Бузурги Исломӣ (Маркази Пажуҳишҳои Эронию Исломӣ). Ҷилди 6, Сафҳаи 479, ISBN 978-600-6326-36-8.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]