Jump to content

Мансурхоҷа Ансаби Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мансурхоҷа Ансаби Бухороӣ
Навъи фаъолият: шоир

Мансурхоҷа Ансаби Бухороӣ (қарни XIX) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Тазкиранависон, аз ҷумла Возеҳ дар «Туҳфату-л-аҳбоб» аз ӯ чун шоири боистеъдод ёд кардаанд. Аз илмҳои маъмули замонаш, инчунин аз рамл ва ҳисоб воқиф будааст. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳои Возеҳ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ сабт гардидаанд, ки онҳо асосан аз ғазалиёт иборатанд. Абёти зерин аз Ансаб мебошанд:

Дурри маънӣ ба каф оварданат осон набувад,
Табъи мавзуни хушу фикри муаттар даркор.
Чи гуҳарҳо, ки нашуд ҳосилам аз баҳри хаёл,
На маро орзуи лаълу на гавҳар даркор.
Ҳар кӣ дар дил ҳаваси Кавсару тубо дорад,
Нест моро ба ҷуз он сарви суманбар даркор…
Ансаб аз баҳри тамошои арӯси маънӣ,
Дили покиза, чу миръоти Сикандар даркор.

  • Айнӣ С., Намунаи адабиёти тоҷик, Д., 2010.