Jump to content

Мантиқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мантиқдон)

Мантиқ (ар. منطق‎) — илмест, ки қонунҳои тафаккур ва шаклҳои онро тадқиқ менамояд. Мантиқ дар садаи IV то милод пайдо шудааст. Асосгузори он фалайсуфи Юнони Қадим Арасту аввалин шуда қонун ва шаклҳои тафаккурро тадқиқ намуд. Мантиқ дониши шиносоӣ ва иродаи равиши дурусти андешидан (таъриф кардан ва истилол кардан) аст[1].

Азбаски дониш бо ақл қабул мегардад, мантиқ имчунин ҳамчун илм дар бораи намуд ва қонунҳои андешаронии «дуруст» муайян мегардад. Азбаски андешарони дар забон ҳамчун мулоҳиза ташаккул меёбад, ки исбот ва инкор низ ба он дохил мешавад, мантиқ инчунин ҳамчун илм дар бораи намудҳои мулоҳиза ва ё илм дар бораи роҳҳои исбот ва инкор муайян мегардад. Мантиқ ҳамчун илм роҳҳои дастрасии ҳақиқатро дар раванди ташхиси тавассутӣ аз худ менамояд, яъне, ки аз дониш, на балки аз таҷрибаи ҳиссиётӣ. Бинобар ин, ӯро ҳамчун илме тарзҳои дастрасии «дониши хулосави»-ро азхудкунанда, муайян кардан мункин аст.

Дониши хулосавӣ, ки тавассути истифодаи қонунҳои мантиқ ва тарзҳои андешаронии мантиқӣ дастрас шудааст, мақсади ҳамаи амалҳои мантиқист, ки дастёбии ҳақиқатро ва истифодаи донишро барои ташхиси чуқури ҳодисаҳо ва воқеъаҳои олами атроф дар назар дорад.

Яке аз масъалаҳои асосии мантиқ — муайян кардан, ки чи хел аз фарзия ба хулоса расидан («андешаронии дуруст») ва дар натиҷа дониши ҳақиқиро барои мавзӯи мулоҳиза пайдо намоем, то ин ки ҳамаи тарафҳои мавзӯро ва алоқамандии онро бо дигар тарафи воқеаи мазкур чуқур дарк кунем. Мантиқ яке аз асбобҳои қариб ҳамаи илмҳои дигар мебошад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Википедиаи порсӣ