Jump to content

Манучеҳрии Домғонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Манучеҳрии Домғонӣ
Таърихи таваллуд: 1000
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1040
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ[1]

Манучеҳрии Домғонӣ (форсӣ: اَبوالنَّجم احمد ابن احمد ابن قوص منوچهری دامغانی‎; 1000, Устони Симнон1040) — яке аз шоирони форсу тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ дар дарбори Масъуд умр ба сар бурдааст. Манучехри устоди қасидаҳои васфи мебошад. У қасидаҳояшро бо васфи баҳор ё тирамоҳ сар мекунад. У танҳо манзараҳои баҳору хазонро тасвир мекунад.

Бештар ӯ кӯҳу дашт, бог, паррандаҳо, гулу баттаҳо абру борон аст.
Манучехри яке аз шоирони машҳури аввалҳои асри ёздахуми милоди аст.

Таърихи таваллуди уро дар охири карни чаҳоруми ҳиҷрӣ дар Домғон, вафоташро соли 431х.- 1040 м тахмин карданд. Меросе, ки аз шоир боки мондааст, ягона девони ӯ мебошад, ки аз касоид, ғазалиёт, рубиёт ва қитъаот иборат аст.

Манучехри соли 1000-дар Домғон ба дунё омадааст. Номаш Аҳмад, номи падараш Қавс ва тахаллусаш Манучеҳрист. Пас аз касби камол ба дарбори Ғазнавиён меояд. Азбаски Манучеҳри шоири ҷавону боғайрат буд, дар дарбор ба максади ҳосидон гирифтор шудааст. Аз руи гуфти худи ӯ чохилони камфазл аз нотавонбини ҳостаан, ки уро беобру сохта аз хидмат дур намояд. Вале Манучехри дар қасидаҳояш ин гурӯҳи бадандешро фош намуда ва аз онҳо касд гирифтааст. Ба пайдоиши ҳодисаи нохуши хасадхури замонаи нобаробару ихтилофчуй шоир айбдор буд. Манучехри дар айни ҷавони, дар чилсолаги, соли 1040- вафот кардааст. J Дар девони шоир қасидаи, қитъа ва ғазалҳои ӯ гирд омадаанд. Назари ичтимойии ӯ ба оламу вокиаҳои замона нисбат ба муосиронаш Унсурию Фаррухи амик ва вусъатнок аст. Яъне Манучехри муҳокимаҳои танкидию иҷтимоӣи зиёд дорад ва бо хасби ҳоллу шикоят низ ба мазаммати нобаробарию чавру ситами рӯзгор кушидааст. Дар ин маъни қасидаи ба ном {Шамъият}-и ӯ ахамиятбахш аст. Шоир ба шамъ ру оварда аз ғаму кулфат, татҳои, дардҳои айём ва беокибатию бемехри сузу гудох намудааст:

Ту маро монию ман хам мар туро монам хаме,
Душмани хешем хар ду бар-дӯстдори анчуман.
Хештан сузем хар ду бар муроди дӯстон,
Дустон дар роҳатанд аз мову мо андар хазан.

Дар шеърҳои баҳоронаи Манучехри тавсифи гулу парандагон мавкеи ҳос дорад. Камтар гулу парандае мондааст, ки ӯ ном нагирифта ва бо хусусиятҳои ҳосу фарқи байнихамиашон тасвир накарда бошад. Дар банди мусаммате сифати кабк хусусият ва дунъёи асрорангези ин паррандаи хушилҳомро ин андоза зебо ва реалии нигоштааст.

Ҳангоми баҳор асту ҷаҳон чун бути Фархор,
Хез, эй бути Фархор, биёр он гули бехор.
Он гул, ки мар онро битавон хурд ба хушши,
В-аз хурдани ӯ руй шавад чун гули пурбор.
Он гул, ки маро уро бувад ашчор, ба ангушт,
В- омад шуданаш бошад ашчор ба ашчор.
Он гул, ки ба гирдаш-дар нахланд фаровон
Нахлаш маликонанд ба гирд андару аҳрор.
Хамвора ба гирди гул тайёра бувад нахл,
В-ин гул ба суи нахл бувад доим тайё.
Дар сояи гул бояд хурдан майи чун гул,
То булбули кавволат бархонад ашъор.
  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.