Jump to content

Манучеҳрии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Манучеҳрии Самарқандӣ

Манучеҳрии Самарқандӣ (форсӣ: منوچهری سمرقندی‎; ?, Самарқанд — қарни XVI, Ҳирот) — мусаввир, наққош ва музаҳҳиби форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Самарқанд, дар Ҳирот вафот кардааст. Дар наққошӣ, ҷадвалкашӣ ва тазҳиб устод буд. Санъати наққоширо дар Самарқанд омӯхта, барои такмили хунар ба Табрез, Бухоро ва Ҳирот рафтааст. Девонҳои Навой ва Ҳотифиро оро додааст. Аз мусаввараҳои машҳури ӯ «Шикори паланг» то замони мо расидааст.