Мардон Мавлонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мардон Мавлонов
Таърихи таваллуд 11 март 1963(1963-03-11) (57 сол)
Зодгоҳ Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Солҳои фаъолият 1985 — то ҳол
Кишвар  Иттиҳоди Шӯравӣ
 Ӯзбекистон
Пеша(ҳо) сароянда
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2000)

Мардон Ҳамроқулович Мавлонов (Тав.11.03.1963, шаҳри Самарқанд) — сароянда. «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» (2000).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Омӯз. санъати ш. Самарқанд (1984). Камтар аз як сол яккахони Филармонияи ш. Самарқанд будааст. С. 1985 ансамбли «Таронаҳои Самарқанд»-ро таъсис додааст. Дар Тоҷикистон ҳанӯз аввали солҳои ҳаштодуми асри ХХ алоқамандони зиёд пайдо кард. Бисёр таронаҳояш сурудҳои мардумӣ шудаанд. Ифодагари фарҳанги воло ва ҳунари асили тоҷикии Самарқанд гардида, сурудҳои мавсимӣ ва маросимии тоҷикони Самарқанду Бухороро ба дараҷаи олӣ иҷро мекардагӣ шудааст.[1]

Эҷодиёт[вироиш]

Ӯ бо таронаҳои марғубаш аз қабили «Санаме», «Тӯёна», «Хандиданош», «Асирам ман», «Тӯтихон», «Чак-чак», «Қадат дар дилам», «Хобам намебарад», «Аз шаҳри Самарқанд», «Духтарони Самарқанд», «Аҷоибот», «Ай модар», «Ҷавониам», «Ларзон- ларзон», «Куртачакан», «Салом, азизам», «Раққоса» ва ғ. дили сомеонашро тасхир намудааст. Хизматҳояш бо чандин Диплому Грам. Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст.[2]

Эзоҳ[вироиш]

  1. OʻzME. Birinchi jild. Toshkent, 2000-yil
  2. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6