Маркетинг
Дар нусхаи забонии дигар мақолаи пурратар аст: Marketing (англ.).
Шумо метавонед мақоларо бо иловаи тарҷума муфассалтар кунед ва ба лоиҳа кӯмак кунед. Дар ҳамин ҳол, бинобар риояи қоидаҳои нашр, шаблони {{Мақолаи тарҷумашуда}}-ро дар саҳифаи баҳс ишора кунед, ё пайвандро ба саҳифаи манбаъ (сарчашма) дар шарҳи вироиш нишон диҳед. |
Маркетинг — аз калимаи англисӣ «market» — бозор пайдо шудааст. Назар ба бозор мафҳуми маркетинг мазмуни васеъ ва чуқуртар дорад. Маркетингро — бозоршиносӣ гуфтан ҳам на чандон дуруст аст. Маркетингро ҳамчун системаи мукаммали ташкил ва идоракунии фаъолияти боҳаракати ширкат тасвир намудан лозим аст. Бо ибораи дигар фаъолияти маркетингии ширкат аз вақти пайдо шудани ақида дар бораи ягон моли нав cap шуда то вақти истеҳсолу гузориши мол, мубодилаи вай ва инчунин хидматрасонӣ пас аз фурӯш ва ташкили истеъмоли мол, давом дорад. Таърифи ҳозиразамони маркетингро олими Амрико. яке аз аъзоёни ассотсиатсияи маркетинги ИМА, профессори Доншгоҳи Шимолу Ғарб Филипп Котлер додааст.
Маркетинг— яке аз шаклҳои фаъолияти инсон буда, бо воситаи мубодила ба қонеъ намудани эҳтиёҷоту талаботи одамон равона карда мешавад.
Чунин таърифи мухтасар шарҳро талаб мекунад:
- Маркетинг- чунин шакли фаъолияти мақсадноки гурӯҳи одамон мебошад, ки ихтисоси махсусро талаб мекунад ва меҳнати онҳо ҳам ба ширкат ва ҳам ба ҷамъият фоиданок аст.
- Маркетинг- бо муайян намудани эҳтиёҷоту талабот ва бо аниқ намудани тақозои харидорон сару кор дорад ва ширкат бояд ҳамаи онҳоро ба эътибор гирифта барои қонеъ гардонидан ҳаракат намояд.
- Маркетинг- бо гузаронидани чорабиниҳои мушаххас дар доираи гуногуни истеҳсолот, алалхусус дар муомилот яъне дар вақти хариду фурӯши молхо вобастагӣ дорад.
Маркетинг- ин сиёсати корхона баҳри гирифтани фоида, ки дар натиҷаи омӯхтану ояндабинӣ, идоракунии оқилона ва қаноатмандгардонии истеъмолкунандагон бо мол, хидмат ё чизи дигари харидаашон ба даст меояд, асос меёбад.[1]
Таърихи пайдоиши маркетинг
[вироиш | вироиши манбаъ]Хоҷагиҳои кишварҳои тарақиёфтаи капиталистиро дар солҳои 1900 -1903 буҳрони иқтисодӣ фаро гирифт. Молҳо назар ба қобилияти харидорӣ барзиёд истеҳсол шуда ба фуруш намерафтанд ва ин масъала ҳалли худро талаб намуд. Аз ин сабаб дар баъзе донишгоҳҳои ИМА ба омӯхтани фанни махсус, яъне роҳҳои оқилона ташкил намудани муомилоти мол шурӯъ намуданд. Ин заминаи нахуст барои маркетинг буд. Бояд қайд кард, ки маркетинги муосир ҳамчун назарияи бозори идоракунии фаъолияти ширкат аз солҳои 50-уми асри XX cap карда инкишоф ёфта истодааст. Дар ин марҳила миқдори зиёди ширкатҳо ба сохти ташкилии идоракунии корхона тағйироти куллӣ дохил намуданд. Ягона мақсад дар он буд, ки ҳамаи унсурҳои истеҳсолию тиҷоратро ба талаби бозор мувофиқ намоянд. Дар собиқ ИҶШС унсурҳои алоҳидаи маркетинг аз соли 1965 cap карда дар корхонаву иттиҳодияҳои истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ ва соҳаи тиҷорат истифода бурда шуда буд. Ташкили ВНИИКС ва бахшҳои вай дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва инчунин шуъбаю гуруҳҳои махсус барои омӯхтани талабот ва конъюнктураи тиҷорат дар соҳаҳои хоҷагии халқ аз ин шаҳодат медиҳанд. Лекин дар системаи маъмурию фармондиҳӣ ва планкашии беҳад марказонидашуда, маркетинг мавқеъи худро муайян карда натавонист. Баъд аз ба даст овардани истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои аввал барои ташкил додани системаи мукаммали маркетинги ва истифодаи тарзу усулҳои вай гузошта шуда истодааст.[1]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 МАФҲУМИ МАРКЕТИНГ(тоҷ.). www.univer.tj (10 феврали 2017). 6 октябри 2022 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)