Jump to content

Мармар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мармар аз калимаи (юн. marmaros) гирифта шуда, маънояш санги рахшон мебошад. Ҷинси кӯҳии кристалиест, ки дар натиҷаи метаморфизми оҳаксанг ва доломитҳо ҳосил мешавад. Таркибаш асосан аз калсит CaCo3 иборат буда, ба микдори кам MgO, FeO, Fe2O3, MnO, SiO2, Al2O, Al2O3 ва пайвастагиҳои органикӣ дорад. Дар таркибаш MgO зиёд бошад, мармари доломитдор меноманд. Рангаш вобаста ба омехтаҳои химиявӣ ва механикӣ гуногун аст: сафед, хокистарӣ, гулобӣ, сурх, ҷигарӣ, сабзтоб, зардча ва ғайра. Мармар аз қадим ҳамчун санги меъморӣ маълум аст. Тарошидану сайқал додани мармар нисбатан осон буда онро дар ҳайкалтарошӣ, ҳотамкорӣ, рӯйкаши деворҳо, фарши биноҳо ва тайёр кардани ҳар гуна армуғонҳо васеъ истифода мебаранд.


Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: