Масдар
Масдар шакли ибтидоии феъл буда,номи амал (давидан,гуфтан, дидан,навиштан, шунидан, кор кардан, пешвоз гирифтан) ва ҳолатро (гаштан, хобидан,сабзидан, дӯст доштан) мефаҳмонад. Масдар шакли тасрифнашавандаи феъл ба шумор меравад.Масдар замон, шахсу шумора ва сиғаро ифода намекунад.Дар луғат феълҳо одатан дар шакли масдар дода мешаванд.Масдар аз асоси замони гузаштаи феъл бо пасванди -ан сохта мешавад: хондан,дидан, гирифтан ва ғайра.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |