Мастона Эргашева
Мастона Эргашева | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 26 октябр 1952 (73 сол) |
| Зодгоҳ | |
| Кишвар | |
| Пеша(ҳо) | овозхон |
Мастона Эргашева (зод. 26 октябри 1952, ноҳияи Ҷайҳун) — овозхон ва шашмақомсарои тоҷик. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мастона Эргашева 26 октябри соли 1952 дар ноҳияи Қумсангир ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ ба таври худомӯзӣ дар мактаби миёнаи ноҳияи Қумсангир рубобнавозӣ ва сароиданро оғоз кардааст. Мулоқот бо шоираи ҷавон Санавбар Соҳибова соли 1967 дар мавсими пахтачинӣ, ки донишҷӯи техникуми омӯзгорӣ будааст, барои ташаккули ҳунарии хонум Мастона нақши муҳим бозидааст: аввалин оҳанги эҷодкардаи Мастона ба шеъри Санавбар Соҳибова «Агар ёри ситамгорӣ» аз ҷониби адибони давр баҳои баланд гирифт[2].
Дар соли 1974 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мастона Эргашева фаъолияти эҷодию иҷроияшро дар театри академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ (1974—1975) ба сифати актриса оғоз намуда, сониян роҳбарии бадеии Қасри фарҳанги шаҳри Исфараро (1975—1976) ба уҳда доштааст.
Ҳоло дар вазифаи омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти хешро бурда истодааст[2].
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1978 ҳамчун узви дастаи «Шашмақом» ба номи Ф. Шаҳобов ҳунарнамоӣ намуда, дар иҷрои шохаҳои овозии мақомҳо ва сабти он бо ҳамовозии сарояндагон саҳми хоса дорад. Маҳорати хуби Мастона Эргашева дар иҷрои таронаҳои «Нимчӯпонӣ» (ғазали А.Бедил), «Наврӯзи Сабо» (ғазали Ҳофиз), «Уфари савти камол» (ғазали Нозим) ва ғайра бараъло эҳсос шуда, дар иҷрои шоҳаҳои дигари «Шашмақом» ифодаҳои рангомези сарояндагиро ба харҷ додааст.
Мастона Эргашева чун оҳангсоз-таронасоз мусаннифи сурудҳои «Зинда бод коргар», «Таронаи замон» (шеъри Ф.Ансорӣ), «Ташаккур» (шеъри Б.Фаррух), «Ба модарам» (шеъри Г.Сулаймонова), «Шаҳри ман» (шеъри О.Аминзода) ва ғайра буда, дар иҷрои асарҳои оҳангсозони тоҷик З. Шаҳидӣ, Ш.Сайфиддинов, Д. Дӯстмуҳаммадов, Х. Абдуллоев, Қ.Яҳёев, А. Мӯсоев ва ҳамчунин суруду таронаҳои мардумӣ маҳорат, завқи нафиси иҷроияшро намоиш додаст.
Сафарҳои хориҷӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мастона Эргашева бо барномаи хосаи консертӣ дар ҳайати ҳунарварони тоҷик дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои хориҷии Шарқу Ғарб (Полша, 1973), (Югославия,1975), (Афғонистон, 1984, 1987), (Кипр, 1984), (Булғористон, 1988), (Эрон, 1999) ва ғайра ҳунарнамоӣ кардааст.
Мастона Эргашева иштирокдори чандин ҷашнвора, Симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд, 1978, 1983, 1987), (Эрон 1999), (Исфара 2003), (Душанбе 2006) буда, шохаҳои ҷудогонаи «Шашмақом»-ро бо сабки хоси сарояндагӣ, лаҳни муассир манзури ҳаводорони созу навои дилнишин гардонидааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Мастона Эргашева барои хидматҳои шоистааш дар тарғибу рушди мусиқии устодона ва муосири тоҷик ба дарёфти унвону ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Чанд сатре ба зодрӯзи Мастона Эргашева. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (26 октябри 2022). 19 августи 2025 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 Мастона Эргашева: Аз ҳунарам обрӯ ва баракат ёфтам...(тоҷ.). stat.tj. 2019-10-30 (30 октябри 2019). 26 апрели 2022 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 26 октябр
- Зодагони соли 1952
- Зодагони вилояти Хатлон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Зодагони ноҳияи Ҷайҳун
- Овозхонҳои тоҷик
- Овозхонҳои Тоҷикистон
- Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев
- Омӯзгорони Консерватрияи миллии Тоҷикистон